ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
Дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод Маҷлиси фаъолони ноҳия дар иртиботи ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2022 ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷон Обидҷон иштирок намуданд. Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда маҷлис қарор қабул намуд, ки манзури шумо менамоем.
Дар бораи натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022 баён доштанд Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022 баён доштанд, бо дарназардошти талаботи барқияи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 №24/10-13, Маҷлиси фаъолони ноҳия маърӯзаи раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос, ҳисоботҳои муовинони раиси ноҳия, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оиди рушди иҷтимоӣ иқтисодии ноҳия дар семоҳа ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2022» шунида, таклифу пешниҳод ва хулосаҳои музокирачиёнро ба инобат гирифта,
қ а р о р м е к у н а д :
- Ҷиҳати амалишавии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талаботи барқияи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони шуъба ва бахшҳои дахлдори Мақомоти иҷроия, мақомоти кишоварзӣ, ҲХДТ, шӯрои ҷамъиятӣ, калонсолон, ҳаракати ваҳдати миллӣ, зиёиён ва фаъолони ноҳия сафарбар карда шаванд.
- Маъракаи ниҳолшинонӣ ва кишту кори баҳорӣ дар ноҳия кори умумихалқӣ эълон карда шавад.
3.Баробари рушди картошкакорӣ ба ривоҷи ғалакорӣ дар заминҳои лалмӣ ва таллу тепаҳо вусъат дода шуда, уҳдадории қабулнамудаи ноҳия бобати дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишт намудани 2086 гектар картошка ва 1114 гектар ғаладонагиҳо таъмин карда шавад.
- Раисони Ҷамоатҳои деҳот ва раисони деҳаҳо вазифадор карда шаванд, ки дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои корӣ мазмун ва муҳтавои Маҷлиси фаъолонро ба мардум расонида, аз ҳар соату рӯзи мусоид пурсамар истифода бурда суръати кишту кор тезонида шавад.
Дар робита ба ин:
- Мутасаддиёни шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ бо тухми ғалла, картошка ва дигар зироатҳо чораҳои амалиро роҳандозӣ намоянд;
- Шуъбаву нуқтаҳои ваколатдори бонкҳои амалкунандаи ноҳия ба хоҷагиҳои коллективӣ ва инфиродии деҳқонӣ барои хариди тухмӣ, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ бемамониат маблағҳои қарзӣ ҷудо намоянд;
- На кам аз 80 фисади заминҳои обии хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва заминҳои ёрирасони назди корхонаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба кишти картошка ва на кам аз 60 фисади заминҳои лалмӣ ба кишти ғалла банд карда шаванд;
- Дар мавсими кишту кори баҳорӣ тамоми техникаҳои коршоями мавҷуда, аз ҷумла техникаҳои хусусигардонидашудаи шахсӣ низ тариқи шартномаҳо истифода карда шаванд;
- Раисони ҷамоатҳо, раисони деҳаҳо, фаъолон сокинони маҳалро тариқи ҳашар ба тозакунии ҷӯйҳо ва каналҳо сафарбар намуда, барои ҷамъоварии маблағи истифодаи оби истифодакардашуда чораандешӣ намоянд;
- Дар ҳар як деҳа мироб таъин карда шуда, назорати риояи меъёри тақсимоти об барои обёрикунии зироатҳо ба зиммаи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия гузошта шавад;
5.Роҳбарони субъектҳои дахлдор, роҳбарони хоҷагиҳои коллективии деҳқонӣ ва инфиродӣ то 20 майи 2022 унвонии раиси ноҳия оид ба иҷрои нақшаи кабудизоркунию ниҳолшинонӣ ва то 15 июн иҷрои нақшаи кишту кори баҳорӣ маълумоти хаттӣ манзур намоянд.
- Ситоди ноҳиявӣ аз рафти иҷрои қарор ҳар ҳафта ба унвонии раиси ноҳия ахбороти хаттӣ пешниҳод намояд.
9 апрели соли 2022