Маърӯзаи
раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қ.А. дар Маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳои минбаъдаи соли ҷорӣ. Меҳмонони иззатманд, ҳозирини муҳтарам!
Иҷозат диҳед аз номи шумо фаъолони ноҳия меҳмонони олиқадр Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷонро, ки дар ин рӯзҳои баҳори пурфайзи кӯҳистон ба ноҳияи Тоҷикобод самимона хайра мақдам гӯям. Дар ҷамъомади имрӯза фурсати бисёр муносибе муяссар гардид, ки манн аз номи мардуми ноҳия муҳтарам Зиёзода Сулаймонро, ки ба боварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардида, ба вазифаи баланду масъули давлатӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд самимона табрик намоям. Давраи дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардани муҳтарам Зиёзода Сулаймон кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод аз дастгириву таваҷҷӯҳашон дар пешрафти соҳа бархурдор буданд, ки сидқан миннатдорем. Изҳори умед менамоем, ки минбаъд низ ҳамин таваҷҷӯҳ ва дастгириҳо идома ёфта, барои пешрав сохтани соҳа имкониятҳои нав фароҳам меоянд. Дар суханрониҳои муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Тоҷикобод муҳтараи Олимҷон Маҳмадҷонзода вазифаҳои аввалиндараҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои он, дар маҷмуъ ҳамаи мардуми ноҳия барои соли ҷорӣ равшану возеҳ баён ёфтанд, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30 марти соли ҷорӣ бар меоянд.
Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба сифати Барномаи амали ҳар як шаҳрванди ноҳия пазируфта мешаванд. Вазъи ҳасоси ҷаҳони имрӯза ба ҳар кадоми мову шумо аён аст. Вазъият мураккабу печида гардида, таҳдиду хатарҳои муосир ошокоро мушоҳида мешаванд. Авҷ гирифтани буҳрони иқтисодӣ – молиявӣ ва боло рафтани нархи маводи озуқаворӣ моро ҳушдор медиҳад, ки баҳори имсола майдони кишти зироатҳо, аз ҷумла картошкаю ғалларо зиёд намоем. Дар заминҳои обӣ шинондани картошка ва дар заминҳои лалмӣ кишт намудани ғалла, алалхусус гандум замонат медиҳад, ки амнияти озуқавориро ҳадалимкон таъмин намоем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муҳимияти масъаларо барвақтар дарк намуда, ҳанӯз дар арафаи ҷашни Наврӯз оиди ривоҷи ғаллакорӣ дар заминҳои лалмӣ Муроҷиатнома қабул кард, ки дар рӯзномаи ноҳиявӣ нашр гардид. Ман бо фурсати дастдода, бори дигар кишту кори баҳориро кори умумихалқӣ эълон намуда, назди раисони Ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои коллективӣ ва инфиродии деҳқонӣ, идораҳои марбутаи соҳаи кишоварзӣ, умуман ҳар нафаре, ки ба замин сару кор дорад, вазифа мегузорам аз ҳар соату рӯзи мусоид самаранок истифода бурда, уҳдадории қабулнамудаи ноҳияро, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти 2086 гектар картошка ва 1114 гектар ғалладонагиҳоро ташкил медиҳад, таъмин намоянд. Ноҳияи Тоҷикобод барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ – обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқаринро доро мебошад. Зарур аст, ки аз ин имкониятҳо дурусту оқилона истифода барем, то ин ки як ваҷаб замин холӣ намонад ва барои рӯёнидани ҳосил истифода карда шавад. Зеро ин талаби замона ва тақозои рӯз мебошад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон изҳор доштанд: «Мо бояд ҳар рӯзи баҳорро ғанимат дониста, кишти зироатҳоро сари вакт анҷом диҳем, барои ҳосили фаровон замина гузорем ва масъалаи захираи дусолаи маҳсулоти ғизоиро дар ҳар як оила, ки мардум манфиати онро солҳои охир, бахусус дар ду соли вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус диданд, фаромӯш накунем».
Ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем, дар лаҳзаҳои душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба таҳлукаву воҳима наафтем, сарфаю сариштакор ва ҳушёру эҳтиёткор бошем. Ногуфта намонад, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод тӯлони идома ёфтанд маҳз истеҳсоли ғаллаи худӣ имкон дод, мардум бо нон таъмин ва хатари гуруснагӣ бартараф гардад. Дар баробари ин, мо бояд корҳои ободонию бунёдкориро дар партави дастуру ҳидоятҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, равнақи тоза бахшем, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф созем, диёрамонро обод ва кӯшиш кунем, ки ноҳияи Тоҷикободи мо дар қатори ноҳияҳои пешрафтаи мамлакат муаррифӣ гардад. Солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардидааст. Моро лозим меояд ба мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим эътибори махсус дода, дар навбати аввал аз ҳисоби захираҳои ашёи хоми дохилӣ корхонаҳои хурди саноатӣ бунёд намоем.
Дӯстони азиз!
Дар семоҳаи якум бинобар сардиҳои фасли зимистон дар ноҳияҳои кӯҳистон корҳои рӯзмарраи сохтмону кишоварзӣ ва амсоли он қатъ меёбанд. Бо вуҷуди ин чуноне аз гузоришҳои муовинони раиси ноҳия огоҳ гардидед, дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия набзи меҳнат халалдор нагардид ва аксарияти нақшаю уҳдадориҳои дар ин марҳилаи сол қабулгардида иҷро шуданд. Иҷрои қисми даромадии буҷети ноҳия ва пардохтҳои андозӣ, бехалалёбӣ пушти сар намудани давраи тиромоҳу зимистон дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва корхонаҳою муассисаҳо баёнгари онанд, ки ноҳия ба давраи зимистон пешакӣ омода гардида буд. Шуруъ аз даҳаи охири моҳи март дар ноҳия маъракаи кабудизоркунию ниҳолшинонӣ оғоз ёфта ҳоло идома дорад.
Рӯзи аввали даъват, яъне 1 апрел барзиёд иҷро гардидани нақшаи сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ байни аҳолӣ дарак медиҳад. Аз деҳаи Сафедмун ба беморхонаи марказии ноҳия бо роҳи ҳашарҳои оммавӣ ва маблағгузории соҳибкори ватанӣ кашидани хатти оби нӯшокӣ, ки чанд рӯз пеш анҷом ёфт, инчунин идомаи корҳои кабудизоркунию ниҳолшинонӣ дар боғи фарҳангӣ – истироҳатии ноҳия пайки тоза аз он аст, ки мардуми ноҳия бо нерӯю ғайрати дучанд ба марҳилаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ворид гардидаанд. Ман ба нангу номус ва заҳматдӯстии мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод эътимод дорам ва Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷон-ро бовар мекунонам, ки мардуми ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъона меҳнат карда, дар ғанӣ сохтани бозори истеъмолии кишвар, вусъати корҳои ободонию созандагӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Бори дигар меҳмонони азизро ба ноҳия хушомадед гуфта, ба мардуми сарбаландамон барори кор орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!