БАҲОДУР НЕЪМАТОВ ШЕЪРИ «ТОҶИКОБОД»- РО ЗИ НАВ ЭҲЁ НАМУД.
Дар васфи ноҳияи Тоҷикобод шоирону сарояндагон баробари дигар шаҳру навоҳии зебоманзари Тоҷикистон шеъру таронаҳо эҷод намудаанд. Яке аз аввалин ва машҳуртарин шеър дар васфи Тоҷикобод шеъри Ғоиб Сафарзода «Тоҷикобод» мебошад. Ғоиб Сафарзода пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон соли 1962 ба ноҳияи Тоҷикобод барои ба кор омадан роҳхат мегирад, вале бо сабабе ба ноҳия омада наметавонад. Шоири тавоно Ғоиб Сафарзода ба номи Тоҷикобод ғоибона дил баста, дар васфи ин «гӯшаи ҳамноми халқ» шеър и зебое эҷод менамояд.
Пас аз зилзилаи Ҳоит моҳи июли соли 1949 Котиби Кумитаи марказии ҲК Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба ноҳияи Қалъаи лаби об меояд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ ноҳияи Ҳоит ба он ҳамроҳ карда шуда, бо пешниҳоди роҳбари ҷумҳурӣ – аллома Бобоҷон Ғафуров номи Тоҷикободро мегирад.
Шоири Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода бо шеъри худ «Тоҷикобод»-ро ба Бобоҷон Ғафуров эҳдо намудааст. Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ сарояндаи ансамбли «Гулшан» Баҳодур Неъматов ба шеър оҳанги дилангезе эҷод намуд, ки писанди ҳаводорон гардид. Дар арафаи Наврузи имсола овозхони дигар Ҳотами Равшан низ ба шеъри Назри Яздон дар васфи Тоҷикобод оҳанге сароид. Сарояндаи шинохта, Амриддин Кабир низ ба шеъри Рустам Ваҳҳобзода бо номи Тоҷикобод суруде месарояд. Сарояндагони ансамбли тарона ва рақси «Баёзи кӯҳистон» дар васфи Тоҷикобод сурудҳо сароидаанд.
Ғоиб Сафарзода (с. 1962)
ТОҶИКОБОД
Тоҷикободам, дари дилро ба рӯям боз кун,
Тоҷикам-дилдодаат, дилдодаро дамсоз кун.
Гарчи об аз кӯҳсоронат накардам нӯш ман,
Савту сози обшоронат накардам гӯш ман.
Гарчи нашнидам навои кабку мурғони туро,
Ҳам надидам кӯҳсору чашмасорони туро.
Гарчӣ дида бори аввал дар барат накшодаам,
Кӯдакона пой дар хоки дарат нанҳодаам,
Дӯст медорам туро чун гӯшаи хоки Ватан,
Гӯшаи ҳамноми халқам-халқи бебоки Ватан.
Дил ҳамехоҳад кунад парвоз ҳар дам сӯйи ту,
Ишқ варзад, маст гардад дар канори ҷӯйи ту.
Тоҷикободам, тапишҳои диламро гӯш кун,
Омадам сӯят, маро фарзандвор оғӯш кун.
Васфи Тоҷикобод дар шеъри адибони тоҷик
Назри Яздонӣ
Тоҷикзода Тоҷикободӣ
Ору армони тоҷик озодист,
Оби дармони тоҷик ободист.
Марву Балху Бухору Бомиён.
Чанд нақше зи тоҷикободист.
Нушдорӯ, ки ҷустуҷӯ кардӣ,
Бошад оби сафои нушорӣ.
Дар раги ҷону пуштаву кишта,
Аз азал то абад бувад ҷорӣ.
Нушдоруи тан фаровон аст,
Дар гиёҳону себи хубонаш.
Нушдоруи ҷон ҳамерезад,
Лаҳни хубону лаҳни пиронаш.
Ҳар куҷо кишта асту ободист,
Аз ҳунарҳои тоҷикободист.
Ҳар куҷо об ҳаст ободист,
Ҳам куҷо тоҷик аст ободист.
Тоҷикозода Тоҷикистонам,
Чорбоғест тоҷикобод аст.
Дар канораш ба мисли гулдаста,
Тоҷикободӣ хурраму шод аст.
Ору пиндори тоҷикободам,
Кору пайкори тоҷикободам.
Нури чун ҳури тоҷикободам,
Ганҷу ганҷури тоҷикободам.
Ин ҳама баҳри Тоҷикистон аст,
Тоҷикистон, ки беҳтар аз ҷон аст.
Бозор Собир
Миёни кӯҳи хоро зинда аст халқ,
Ба нони меҳнатӣ дар Тоҷикобод.
Забони чашму дилро дода мардум,
Мақоми давлатӣ дар Тоҷикобод.
Ҳама кишвар
Рустами Ваҳҳоб
(Соли 1990) (Эҳдо ба донишманди фарзона Бобоҷон Ғафуров)
Ба сар афсар аз Тоҷикобод дорам,
Фурӯғу фар аз Тоҷикобод дорам.
Манам он уқоби баландошёне,
Ки болу пар аз Тоҷикобод дорам.
Аз он шаҳрёрони меҳрошноям,
Ки тоҷи зар аз Тоҷикобод дорам.
Навои дили ман аз он тоҷиконаст,
Ки шеъри тар аз Тоҷикобод дорам.
Агар порсиро шакар ном карданд,
Ман ин шаккар аз Тоҷикобод дорам.
Чи пурсӣ маро аз нажоду зи гавҳар?
Чу ман гавҳар аз Тоҷикобод дорам.
Бухоро магар Тоҷикобод набвад?
На ман Фалғар аз Тоҷикобод дорам?
Бадахшону Вахшон ҳама Тоҷикобод,
Ҳама Ховар аз Тоҷикобод дорам.
Куҷо тоҷике ҳаст, шаҳри ман он ҷост,
Ҳама кишвар аз тоҷик обод дорам.
Тоҷикободро кӣ ном ниҳод?
Не Самарқанду не Бухоро аст,
Не ба таърих нозише дорад,
Не варо қасру кохи муҳташамест,
Лек номи пурарзише дорад.
Ончунон ном, ки зи ҳар қасре
Бошукӯҳ асту шуҳраманду баланд.
Мисли кохе, ки сохт Фирдавсӣ,
Н-орадаш барфу боди даҳр газанд.
Гар ба таърих аз даричаи ҳақ
Бингарӣ, Шарқ Тоҷикобод аст,
Лек тоҷики ногирифтасабақ
Номи худро ба деҳе нанҳодаст.
Некӣ карду дар обҳо андохт,
Ҳосилаш – шаҳри ӯ биёбон шуд.
Бо «гуноҳи» фарохдастиҳо
Дар кӯҳистони танг зиндон шуд.
Лек чун дид баҳри номи ӯ
Номталбон кашокаше доранд,
Чун бидид ӯ – зи номбезорӣ
Номдорон-ш худкушӣ доранд,
Мехи заррини номи худро куфт
Дар гираҳбанди хоки аҷдодон,
Хишти заррини номи худ биниҳод-
Пойдевори кохи ҷовидон.
Гар бузурге бирӯяд аз хокаш
Баъд аз ин, миллаташ яқин бошад:
Гоҳвораш зи Тоҷикобод аст,
Бок не турбаташ ба Чин бошад.
Лек бо ин ҳама намедонам
Тоҷикободро кӣ ном ниҳод?
Ҳар ки бошад шариф инсон аст,
Раҳмати Ҳақ ба ҳафт пушташ бод!