ХОТИРИ ДОНО ЗИ ТӮФОНИ ҲАВОДИС ФОРИҒ АСТ

ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ МАЪРИФАТОМӮЗИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ    

Точикон

            Он  Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ метавон Паёми маърифатовар номид.  Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми мазкур дастури Сарвари давлат ҷиҳати идомаи таблиғу тарғиби китобхонию маърифатнокӣ дар байни аҳли ҷомеа буд, ки арзиши маънавие барои ояндаю имрӯзи миллат дорад.  Тибқи дастури Пешвои муаззам  ҳар як фарди бедордил барои ғанӣ гардондани забони модарӣ, ки онро Пешвои миллат забони шево ва шоирона ном мебарад, «ҷаҳду талош варзад ва ҳамзамон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва барои баланд бардоштани маърифатнокии  худ саъю талош намояд».

ПАЁМ

           Сарвари давлат дастур доданд, ки на як солу ду сол, балки ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  баргузор гардида, ба он доираи ҳар чӣ васеътари ҷомеа ҷалб карда шавад. Тибқи ин дастур китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад. Як нуктаи муҳим, ки ба он таваҷҷуҳ кардан бамаврид аст, ин баробари насли ҷавон калонсолонро ба китобхонӣ даъват намудани Президенти мамлакат аст, ки ин даъватро бояд ҷиддан қабул намуда, дар байни насли калонсолон китобхониро бештар тарғиб намоем. «Китоб хонед, бемор намешавед», – дар ин  таъкиди Пешвои миллат як ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст. Мо имрӯзҳо, мутаассифона, бемориҳои асаб, фишорбаландӣ, изтироб ва хасташавии майнаро дар мардуми сайёра зиёд мушоҳида мекунем, ки ба даст дорухату бозори дорухонаҳоро гарм медоранд.

Дарвоқеъ, осори бузургони сухан абадӣ ҳастанд, ки аз он шоҳасарҳо дурри маънӣ суфта, шахс метавонад, ҳаёти худро беҳтар намояд, рӯҳбаланд ва ба зиндагӣ дилгарм шавад. Тавре дар як ғазали Раҳии Муҳайрӣ бо матлаи «Соқиё дар соғари ҳастӣ шароби ноб нест», ки онро шодравон Одина Ҳошим басо хуш месароид, омадааст, ки шахси доною хирадманд аз мушкилоти рӯзгор  рӯҳафтода намешавад, зеро  аз назари хиради волои ӯ ҳар як мушкилот ба мисли селобе аз  домани кӯҳи босубот мегузаранд.

         Хотири доно зи туфони ҳаводис фориғ аст,

             Кухи гардунсойро андеша аз селоб нест.

          Точикон  Иқдоми Пешвои миллат – тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ туҳфаи гаронарзиши ӯст ба хотири эҳёи худшиносию маърифатнокии миллати куҳанбунёду хирадофари тоҷик. Ҳамагон бо дарки масъулият ва сипос аз иқдому азмҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии ҳар гуна зуҳуроти тахрибкор, ки аз ҷаҳолат маншаъ мегиранд, машъали маърифатпарваронаи ӯро бояд чун қарзи шаҳрвандии хеш ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорем.

Ҷамшеди ФОЗИЛӢ, узви ИЖТ, н. Тоҷикобод «Ҷумҳурият» 27.01.2021

 

                              Ҷаласаи тадорукотии озмунҳои маърифатовар     

       Дар маркази ноҳияи Рашт ҷиҳати омодагиҳо ба озмунҳои  ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” (бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”)  ва озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»  ҷаласаи тадорукотӣ доир карда шуд, ки дар он намояндагони  панҷ навоҳии Рашт, аз ҷумла Тоҷикобод  ширкат варзиданд.                 

                  Ба иттилои намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амирзода ҳадаф аз баргузории чорабинӣ омодагии беҳтар ба озмунҳои мазкур мебошад. Зеро  сол то  сол озмунҳо мукаммал гардида торафт  қишрҳои бештари ҷомеаро фаро гирифта мешаванд.       

              Мавсуф  ҳамчунин изҳор дошт, ки чун соли гузашта дар баробари иштирокчиён, заҳмати омӯзгорон низ ба назар гирифта шуда, устодони роҳнамои ғолибон бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.

          Имсол низ  барои ғолибон ва соҳиби шоҳҷоизаи озмун имтиёзҳои дигар низ дода мешавад, ки он ба гуфти  намояндаи Вазорати маориф барои ҷалби бештари аҳолӣ ба китобхониву китобдӯстӣ мусоидат хоҳад кард.    

                   Қобили зикр аст, ки озмунҳои мазкур аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манша гирифта,  тибқи Амри Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хароҷотҳо ҷиҳати амалӣ намудани озмунҳои мазкур ҳамасола  аз  ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар  маблағгузорӣ  карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code