ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ВАЗИФАИ МУҲИМИ ҲИЗБИЁН
25 апрел бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Фатҳобод – МТМУ №2”-и Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Шифоев Лутфулло ва масъулини ташкилотхои ибтидои вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни баромади хеш раиси Лутфулло Шифоев оиди пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан андешаронӣ намуд.
Дар мулокот инчунин раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии ташкилоти номбурда, иброз дошт, ки минбаъд низ беш аз ҳар вақта дида талош менамоем, ки баҳри тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва садоқат ба давлату миллат тарбия намуда, саҳми хешро дар рушду ояндаи дурахшони кишвар мегузорем.
Тошев Азиз, мудири шуъбаи ташкилӣ ва иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод