ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
Бо ибтикори Бахши кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод чорабинии тантанавӣ ва фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо иштироки иштироки роҳбарият, масъулини сохторҳои давлатӣ, занону бонувон ва фаъолони ноҳия доир гардид. Чорабиниро муовини раиси ноҳия Маҳмадтоир Назризода ҳусни оғоз бахшида, доир ба аҳамияти баргузории «Рӯзи оила ва фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки тибқи Дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷумҳурӣ барпо мегардад, ба таври муфассал суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ мудири бахши зан ва оила Меҳринисо Гадозода ва мудири бахши сабти асноди шаҳрвандии ноҳия Нодираи Маҳмадисо занонро табрик намуда, доир ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба занон дар мисоли фаъолмандии бонувони Тоҷикободӣ ёдовар гардиданд. Зикр шуд, ки ҳоло шумораи зиёди занони ноҳия дар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳия кору фаъолият менамоянд.
Дар рафти чорабинӣ ба ғолибони озмуни иншонависӣ дар мавзӯи «Оилаи солим-ҷомеаи солим» туҳфаҳо супорида шуданд. Дар поёни чорабинӣ барномаи ҳунарии ҳунармандону хонандагони ноҳия дар доираи чорабиниҳои фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» хотири ҳозиринро болида гардонид.