Тавре иттило дода будем, бахшида ба 77 – солагии Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар толори фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки собиқадорони меҳнат, роҳбарони ташкилоти муассиса ва фаъолон доир гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин ҳозиринро ба муносибати ғалаби бузург аз номи роҳбарияти ноҳия табрик намуда, аз саҳми падарону бобоёни мо барои ба даст овардани Ғалаба бар фашизм ёдоварӣ намуд. Зимни суханронӣ зикр гардид, ки аз қаламрави ноҳияи Тоҷикобод ду нафар – Қудрат Қаюмов ва Ҳайдар Қосимов ба даст овардани унвони ифтихории Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ боиси ифтихори ҳамдиёрон мебошад.
Сипас, сардабири рӯзномаи Паёми Тоҷикобод Баҳодур Абдусатторов дар мавзӯи саҳми ҳамдиёрон барои ба даст офардани музаффарият дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маърӯзаи таҳлилии хешро қироат намуда, зимнан перомуни масъалаҳои ҳифзу ёддошти ҷанговарон ва Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳудуди ноҳия пешниҳодоти муфид арзёбӣ намуд.
Дар рафти чорабинӣ аз номи мақомоти иҷроия ва Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат ба як қатор собиқадорони меҳнат туҳфа ва мукофотҳои молӣ тақдим карда шуд.
Дар поён хотираи боз як иштирокдори фаъоли ин ҷанги хонумонсӯзро пешкаш менамоем.
Тоҷике, ки Паулсро асир кард
Имрӯзҳо тамоми мардуми кишварҳои пасошӯравӣ 75-умин солгарди ғалаба бар фашизми Германияро ҷашн гирифта истодаанд. Диловариву ҷонбозиҳои армияи Шӯравӣ буд, ки Германияи фашистӣ торумор гардида, мамолике, ки дар зери асорати фашистон буданд, хусусан кишварҳои Аврупо озод карда шуданд. Имрӯз мо ҳазорон ҷанговарони тоҷикро ном бурда метавонем, ки бо корнамоиҳои беназир ва шуҷоату мардонагиашон дар муҳорибаҳои шадид корнамоиҳо нишон дода дар таърих номи худро бо ҳарфҳои заррин сабт намудаанд. Имрӯзҳо аксарияти он қаҳрамонони майдони ҷанг дар қайди ҳаёт нестанд. Аксарияти падарону бобоҳои қаҳрамони имрӯз дар байни мо нестанд, аммо номи онҳо, корнамоиҳои онҳо ҷовидон аст.Ёди он қаҳрамонон бахайр бошад. Аммо насли имрӯза бояд бидонад, ки падарону бобоҳои мо дар ин ғалабаи бузург чи нақше гузоштаанд. Аввалан хотираи неки онҳоро ҳамеша пос нигаҳ дошта, корнамоиву шуҷоати онҳоро намунаи ибрат барои худ қарор бидиҳанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ фаромуш намешаванд. Онҳо Ватанро ҳифз намуда онро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд.
Натанҳо ватани худ, балки як қитъаи ҷаҳонро низ озод намуданд. Дар қатори ҷанговарони шуҷоъи Шӯравӣ Муҳаммаҷон Нидоев (руҳаш шод бод) низ қаҳрамонона ҷангидааст. Муҳаммадҷон Нидоев соли 1921 дар деҳаи Нушори болои ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи марди деҳқон ба дунё омадааст. Аз синни хурдӣ ӯ аз ҳамаи ҳамсолонаш фарқ мекард. Ҷавон чусту чолоке буд. Пас аз хатми мактаби ҳафтсола барои идомаи таҳсил ба шаҳр меояд. У тасмим дошт, ки баъд аз хатми техникум таҳсилашро дар мактаби олӣ давом диҳад. Аммо ҷанги хонумонсӯз тамоми нақшаи зиндагии ӯро тағир дод. Муҳаммаҷон Нидоев, дар синни 20-солагиаш аз деҳаи Шавриқиён, ноябри соли 1941, дар қатори ҷавонмардони диёраш, ки барои бештари онҳо роҳи бебозгашт буд, ихтиёран ба фронт меравад. Ҳангоми хайрубод лаби нони модарашро газида, ба модараш, ки Парӣ ном дошт, ваъда медиҳад, ҳатман баъди пурра торумор кардани фашистон ба наздаш бармегардад.
Муҳаммаҷон Нидоев то апрели соли 1942 дар шаҳри Катақурғони Узбекистон тарбияи ҷангӣ гирифта, сипас ба фронт фиристонда мешавад. Ӯ моҳи апрели соли 1942 ба қисми ҳарбие, ки дар шаҳри Саратов ҷойгир буд, фиристонида мешавад. То хати пеши фронт, ки ҷанговарони советӣ дар наздикии шаҳри Ростови лаби Дон меҷангиданд, муддати чаҳор шабонарӯз пиёда рафта мерасанд. Аз рӯзҳои аввали ба фронт рафтанаш ӯ бо ҷасорат ва мардонагиаш дар байни ҳамяроқонаш машҳур мегардад. Муҳаммадҷон Нидоев дар дар муҳорибаи вазнини Сталинград ҳамеша дар сафи пеш ҷангидааст. Ин ҷанги нобаробар дар таърих бо ранги тиллоӣ навишта шудааст. Новобаста ба он, ки дар ҳамин ҷабҳа қушунҳои фашистӣ бартарияти зиёде дошта бошанд ҳам, аммо онҳо натавонистанд, ки рӯҳияи ҷанговарони советиро шикананд. Барои ҳар як ваҷаби хоки Сталинград ҷонсипории зиёде карда бо қимати ҷони худ нагузоштанд, ки фашистон шаҳрро пурра тасарруф кунанд. Қаҳрамони очерки мо баъзе лаҳзаҳои ҷангиашро дар дафтарчаи хотиравиаш навиштааст.
Бештари навиштаҳои ҷанговар шояд ба сабаби вақти танг будан хоно нестанд. М. Нидоев менависад, ки аз рӯзҳои аввали дар фронт буданам командири мо нисбати ман таваҷҷуҳи зиёде дошт. Ман аз дигар ҳамяроқони Осиёи миёнагиам забони русиро беҳтар медонистам. Шояд ҳамин забондониям буд, ки маро дар ҳайати разведкачиён чандин маротиб ба хати пеши ҷанг фиристонданд. Дивизияи мо мо ба ҳуҷуми қатъӣ гузашт ва армияи 6-уми фашистонро, ки фон -маршал Паулюс роҳбари мекард, ба муҳосира гирифтанд. Онҳо илоҷи дигаре надоштанд.Штаби Павлюс дар таҳхонаи заводи валангоршудае ҷойгир буд. Мо пинҳонӣ ба наздикии завод рафтем, то ин ки маълумоти тозае ба даст орем. Дар ҳамон лаҳза чанд нафар офитсери фашистонро дидем, дар даст байрақи сафед боло карда, як нафараш бо лаҳни шикастаи русӣ такроран мегуфт: ”мы сдадимся” наздики мо шуданд. Мо онҳоро ба штаби дивизия овардем ва баъд аз он таслимшавии армияи Павлюс шуруъ шуд. Аз ҷумла 24 нафар генерал, 2000 танк, 10 000 туп ва миқдори зиёди самолётҳои фашистӣғанимат гирифта шуд. Дар ҳамин муҳориба навиштааст, қаҳрамон очерки мо, – ман бузургии Ватан ва дӯстиву бародарии миллатҳои гуногуни онро дарк кардам. Дар баробари муҳорибаҳои тӯлонӣ ва шабу рӯзҳои зиёди бехобӣ, мо аскарон, алакай бо ҳамдигар ёру бародар шуда ба якдигар шӯхӣ мекардагӣ шудем. Барои мо ҳаёти наве сар шуда буд. Ин ҳаёти мардонаву ҷовидона буд. Шикасти бузурги фашистон руҳияи аскарони советиро хело баланд карда буд. Ин буд, ки ғалабаҳои пай дар пайи аскарони советӣ дар Курск ва Орл рӯҳияи фашистонро пурра шикаст. Муҳорибаи Белгород, яке аз муҳорибаҳои асосӣ ба шумор мерафт.
Дар китобчаи хотироти ҷанговар муҳорибаи Белград, ё худ озод намудани маркази Болгария аз фашистони Олмонӣ буд. Дар бисёр суҳбатҳояш маҳз дарбораи ҳамин муҳорибаи Белград бо наздиконаш қисса кардааст.Ӯ навиштааст, ки фашистон бо тамоми қувват дарвозаи Аврупоро ҳимоя мекарданд. Онҳо итминон доштанд, ки роҳи пешрафти Армияи Советиро мебанданд. Истеҳкомҳо ва дзоту амбразураҳои ношикан сохта буданд. Ҳамаи тадобири гирифтаи фашистон барои онҳо фаидае набахшид. Фронти 3-юми Украинаро Маршали Иттифоқи Советӣ Толбухин роҳбарӣ мекард. Аскарони мо, навиштааст, М. Нидоев мардонавор меҷагиданд ва душманро шикаст дода баъд аз ҷангҳои шадиди кӯчагӣ, ба отделенияи ӯ муяссар гардид, ки чандин танкҳои душманро нобуд сохта, дар шикаст додани гарнизони калонтарини фашистон дар Белград буд, иштирок намоянд. Дар паради машҳури ҳарбие, ки дар шаҳри Ленинград баъд аз озод намудани Белград гузашта буд, ӯ дар сафи пеш иштирок намуда буд. Назар ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ муҳорибаи Белград як муҳорибаи ҳалкунандае буд, ки Сафармондеҳи Олии кишвар – Маршали Иттифоқи Советӣ И. В. Сталин бевосита онро раҳбарӣ менамуд. Ба хотири ғалабаи Белград Фармони махсус низ содир мекунад. Дар бойгонии Нидоев Маҳмадҷон Фармони махсуси Сафармондеҳи Олии кишвар – Маршали Иттифоқи Советӣ И. В. Сталинто кунун ҳифз карда мешавад. Ин фармон дар ҳаҷми 6 саҳифа мисли асноди аскарӣ таҳия шуда ба ҳар як ҷанговаре, ки дар ҳамин муҳориба қаҳрамонона ҷангидааст ҳамроҳ бо мукофоти ҷангӣ (медали “Барои шуҷоат”) бо муҳр ва имзои командири қисми ҳарбӣ номнавис шуда тақдим карда шудааст. Дар он чунин навишта ҷой дорад: «Участнику боев за Белград старшому сержанту Нидоеву Махмет Зигоевичу».
Дар ҳамин замина зарур донистам, ки як пора хотираи ҷангии Муҳаммадҷон Нидоевро замима намоям. Ӯ навиштааст, ки 20 августи соли 1944 соати 6 пагоҳӣ омодагии артелерия барои тирборон намудани мавқеи душман дар наздикии Кишинёв сар шуд. Артелеристҳои мо аз тупҳои дурзан ва катюша истифода бурда, тамоми рӯз мавқеи душманро ҳадафи худ қарор доданд. Рӯзи сахте буд. Гӯё, ки тамоми рӯйи замин дар гирифта бошад. Ҳама ҷо месӯхт. Мо тавассути чӯбҳо амуд сохта, дарёро убур кардем. Як қисми зиёди аскарони мо пои пиёда аз дарё гузашта ба ҷониби душман ҳамла карданд. Задухурди вазнине сурат гирифт. Дар рӯ ба рӯйи мо двизияи СС-и руминиҳо ва немисҳо меҷангиданд. Ҷанг хело шадид буд, аскарони мо, ки алакай бартарият дар дасташон буд бо тамоми қувваи худ ҷангида пеш мерафтанд. Армияи муштараки немисҳо ва руминягиҳо ба ин тоб наоварда таслим мешуданд. Қариб 25 дивизияи немисҳо торумор карда шуд. Аз 23 августи соли 1944 озод кардани Руминия шуруъ шуда 31 августи соли 1944 пойтахти Руминя шаҳри Бухарест баъд аз муборизаҳои шадид аз дасти фашистон олмонӣ озод карда шуд. Баъд аз ин армияи мо ба хоки Болгария даромад. Новобаста ба мқовимати сахти фашистон аскарони мо барқосо пеш мерафтанд. 8 сентябри соли 1944 Армияи фронти 3-юми Украина бо сардории маршал Толбухин шаҳри Софияро озод намуд. Хотироти ҷанговаррро варақ зада, беихтиёр муҳорибаҳои шадиди армияи советиро, ки мо дар филмҳо дидааем пеши назари кас ҷилвагарӣ месозанд. Ӯ то ҷое кӯшидааст, ки қисман ҳам бошад, хотироташро нависад. Дар бораи чандин маротиб ярадор шуданаш ва табобат ёфтанаш дар госпиталҳои гуногун маълумот медиҳад.
Ҳоҷӣ Назрихоҷа Наботӣ дар китоби худ “Тоҷикобод” дар бораи Муҳаммадҷон Нидоев маълумот дода, менависад, ки роҳи тайкардаи ӯ аз ноҳияи Тоҷикобод то озод кардани Ҷумҳурии Венгря ва қадам мондан ба хоки Германия 1820 рӯзро ташкил медиҳад.Дар арафаи ғалаба ҷароҳати вазнин бардошта барои табобат ба госпитали ҳарбии Тиблисӣ фиристонида мешавад. Баъд аз шифо ёфтан то соли 1946 дар қисми ҳарбии шаҳри Тиблисӣ хизмат намуда бо сари баланд ба Ватан бармегардад. М. Нидоев, ки панҷ сол азияти ҷангро кашида буд, ба 26 ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидааст. Аз ҷумла, ду ордени “Ситора сурх”, ордени “Шараф”, ордени “Ҷанги бузурги Ватанӣ” ва ғайра. Баъд аз баргашта аз фронт дар вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ фаъолият намуда, дар зебову обод намудани диёри азизаш саҳми босазое гузоштааст. Баъд аз ҷанг барои ӯ фронти нав- фронти ободу зебо намудани диёраш сар шуд. Дар солҳои аввали раиси колхоз буданаш хоҷагии ба ӯ вобаста бударо ба яке аз хоҷагиҳои пешқадами замонаш барда расонд. Соҳаи чорводорӣ ва боғдориро тараққӣ дод. Солҳои зиёд Раиси ҷамоат буд ва то охири ҳаёташ ба ҳизбу Ватанаш хизмат намудааст. Фарзандони баруманде тарбия намудааст, ки имрӯз ҳар яки онҳо дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, дар амалӣ сохтани дастури нишондодҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эммомалӣ Раҳмон саҳми худро гузошта истодаанд.
Ҳангоми суҳбат бо яке аз фарзандонаш, доктор Бахтиёр, ки гӯё аз ҳама фарзанди дӯстдоштааш будааст, пурсидам, ки аз падари бузургвор чӣ мероси гаронқимати бароят расид? Гуфт академияи зиндагӣ. Падарам барои мо як сандуқчаи оҳанин ба мерос гузошт. Баъ аз даргузашташ онро кушодем. Дар дохили сандуқи оҳанин тамом ҳуҷҷатҳое, ки дар тӯли зиндагиаш аз мақомотҳои гуногун барои вазифаҳои иҷрокардааш гирифтааст, ҳифз карда шуда буданд. Бо забони ҳуҷҷату дигар аснодҳо падарам зиндагномаи худро барои мо мерос гузошт, воқеан ин мерос барои мо мисли як академияи зиндагӣ буд. Оре, солҳо мегузаранд, наслҳо пайи ҳам зиндагӣ мекунанд, аммо ёди он қаҳрамонони асил, ки барои ҳифзи Ватан ва Ғалаба хун рехтаанд ва ҷон бохтаанд аз хотирҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Сайидхоҷа Ализода, ходими Академияи улум