КОРВОНИ КИТОБ БА ТОҶИКОБОД ОМАД
17 май тавассути корхонаи воҳиди давлатии «Таъминот ва савдои китоб» -и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корвони китоб» ба ноҳияи Тоҷикобод ворид гардид. Дар ин рӯз дар саҳни шуъбаи фарҳанги ноҳия намоиш ва фурӯши китоб ташкил карда шуд, ки дар он осори адибони классикӣ, муосир ва адабиёти ҷаҳонӣ, адабиёти кӯдакона, инчунин рисолаҳои илмию адабӣ ва оммавӣ ба намоиш ва фурӯш бароварда шуданд.
Аз рафти намоиши китоб раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ва роҳбари корхонаи воҳиди давлатии «Таъминоти ва савдои китоб» -и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсодиқ Завқӣ дидан намуданд. Дар ин рӯз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии «Таъминоти ва савдои китоб» ба китобхонаҳои ноҳия ба миқдори 573 адад китобҳои тозанашр ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ ба таври ройгон тақдим карда шуд.
Бо иқдоми раиси ноҳия Қ. Фақерзода барои китобхонаи мақомоти иҷроия ба миқдори 500 адад китобҳои тозанашр харидорӣ шуд. Дар рафти намоиш аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 1345 дона китоб харидорӣ карда шуд, ки ин аз зиёд шудани завқи китобхонӣ байни аҳолии ноҳия дарак медиҳад. Тавре дар суҳбат бо мо адиб М. Завқӣ иброз намуд, иқдоми мазкур тибқи дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, китобҳои тақдимшуда имкон медиҳанд, ки талабгорон ба маркази ҷумҳурӣ нарафта, бевосита дар китобхонаҳои маҳаллӣ китобҳои заруриро дастрас намоянд.
Баргузории Корвони китоб, инчунин озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Илм фурӯғи маърифат» аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри болоравии маърифатнокии аҳолӣ шаҳодат дода, чорабиниҳои мазкур боиси баланд гардидани савияи ҷаҳонбинии мардум, бахусус ҷавонону наврасон мегардад. Tojikobod tj.