ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД
Бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар толори фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он ҷавонони фаъол, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо ширкат намуданд. Раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода ҷавононро ба муносибати Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, аз ғамхорию таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мисоли бунёди иншоотҳои варзишию фарҳангӣ кишвар ёдоварӣ намуд. Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи чомеа ба хисоб мераванд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд. Аз ин рӯ, рушди сиёсиву иктисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”. Дар ноҳияи Тоҷикобод беш аз 18 ҳазор, яъне 37 дарсади аҳолии ноҳияро ҷавонон ташкил медиҳанд. Нақши ҷавонони ноҳия дар рушди ҳаёти ҷомеа, бахусус дар корҳои ободию созандагӣ назаррас мебошад. Дар баромади мутахассисаи бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Наврузшо Шарифов таъкид гардид, ки ноҳияи Тоҷикобод дар соли сипаришуда, аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун беҳтарин ноҳияи варзишӣ пазируфта шудааст.
Дастовардҳои варзишгарони ноҳия, асосан паҳлавонони ҷавону навраси ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ба ин боис гардидааст.
Дар рафти ҷамъомад ба гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияҳои раиси ноҳия, иштирокдорони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва як қатор ҷавонони муваффақ дар лаҳзахои тантанавӣ туҳфаю ифтихорномаҳо супорида шуд. Раиси ноҳия ба якчанд иштирокчиёни озмунҳо, аз ҷумла бо иштирокчии даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур Меҳроб Абдусатторов тариқи саволу ҷавоб суҳбат намуда, аз китобҳои мутолианамуда мароқ зоҳир намуд.
Ҷамъомадро барномаи рангини хонандагони муасисаи таълимии №2 ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанг шукӯҳи хосса бахшид. Tojikobod. press