БУНЁДИ 60 ХОНА БАРОИ НИЁЗМАНДОН

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи  Араб дар ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби  ноҳияи Тоҷикобод ба оғози лоиҳаи бунёди биноҳои истиқоматӣ барои муҳоҷирони экологӣ ва оилаҳои ниёзманд  санги асос гузошта шуд. Дар маросими ифтитоҳ намояндагони ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳия, масъулини сохторҳои ҷамъиятӣ, сокинони деҳоти мазкур ширкат варзиданд.

Аз тарафи раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода ва масъулини  муассисаи бин Рошид Оли Мактум барои корҳои хайриявӣ дар лаҳзаҳои тантанавӣ ба бунёди лоиҳа санги асос гузошта шуд.

Дар мавзеи хушманзари соҳили Сурхоб тибки лоиҳа барои 60 хонаводаи ниёзманд манзилҳои истикоматӣ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, роҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд меёбанд. Биноҳои мазкур бо ибтикори ташкилоти чамъиятии хайриявии Точикистон сохта мешаванд. Ташкилоти мазкур аз созмонҳои бонуфузи мамлакат буда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар бунёди инфрасохтори соҳаҳои мухталиф саҳмгузор аст. Таи солҳои охир тибки лоиҳа аз тарафи ин ташкилот якчанд иншоот, аз чумла маркази саломатии шаҳраки Тоҷикобод, бунгохи тиббӣ дар дехаи Сафедмун  сохта ба истифода дода шуд.

Татбиқи лоиҳа имкон медихад, ки қисмате аз  сокинони ниёзманди ноҳия соҳиби хонаҳои истикоматӣ,  мактабу бунгоҳ, кӯдакистон гардида, дар корхои сохтмонӣ сокинони маҳаллӣ чалб ва ба  ин васила соҳиби чойҳои корӣ гарданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code