Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ изҳори тасаллият намуданд.      

         Тавре иттило дода будем, 20 майи соли равон Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Меҳмон Бахтӣ дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.   Ба иттилои  АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар доданд,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Меҳмон Бахтӣ дар рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хизматҳои шоистаро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият дошт. Осори эҷодкардаи Меҳмон Бахтӣ дар байни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти хос дорад. Ӯ дар тарбияи наслҳои ҷавони адибони тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст. Номи нек ва асарҳои ватандӯстонаву инсонпарваронаи Меҳмон Бахтӣ дар хотираи мардум абадӣ хоҳанд монд».

          Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод аз номи мардуми ноҳия аз даргузашти адиби маҳбуб Меҳмон Бахтӣ андухгин буда, ба аҳли наздикону пайвандони шоир изҳори ҳамдардӣ ва  тасаллият менамояд.      

                 Меҳмон Бахтӣ 25 марти соли 1946 дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) касби камол намудааст. Дар давоми солҳои гуногун мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шӯрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии ҶТ буда, аз июли соли 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё» буд. Аз соли 1995 то 2000 вакили мардумии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати якум аз ҳавзаи интихобии 35-уми ноҳияи Рашт  ва ҳамзамон раиси комиссия оид ба этикаи депутатӣ ва имтиёзҳои депутатӣ буда, соли 2005 узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад. Соли 1999 сардори шуъбаи ташвиқоти адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин мешавад. Баъд аз он, солҳои 2004 ва 2009, ду бор ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардидааст  

Эҷодиёт

Муаллифи драма ва  қиссаҳои «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988) ва маҷмӯаи намоишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1972), кутуби шеърҳои «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои «Рӯҳи тавоно» (1987), маҷмӯаи намоишномаҳои «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» (1980), китоби қиссаву ҳикояҳои «Оҳи сабук» (1987), маҷмӯаи «Пйесаҳо» (1982), гулчини қиссаву намоишномаҳои «Манзари қисмат» (2003), достони «Бозтоби Офтоб» (2006), маҷмӯаи «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ) «Оҳанги хаёл» (2011) мебошад.

Повести «Хубон» (1982) дар мачаллаи бонуфузи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ «Дружба народов» чоп шуда, баъдан, бо пешниҳоди маҷалла, сазовори Мукофоти ба номи Николай Островский гардидааст. Ҳамчунин, соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» таҳти силсилаи «Илҳом» аз чоп баромада ба унвони «Китоби сол» сазовор гаштааст ва ба сифати китоби алоҳида дар Туркия, Гурҷистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба табъ расидааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code