ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ
25 май дар бинои муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Таввасути ин чорабинӣ бархе аз корҷӯяндагоне, ки мурочиат намуданд, ба ҷои кор роҳхат гирифтанд.
Тавре мудири бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Ҳилолӣ Фозилов иброз намуд, дар ярмарка 171 ҷои корӣ ва 40 ҷой барои касбомӯзӣ пешниҳод карда шуданд, ки аз ин 23 нафар бо ҷои кори доимӣ ва 5 нафар ба корҳои фардӣ таъмин карда шуданд.
Барои чалби занону духтарони бешуғл ба касбомузӣ дар ноҳияи Тоҷикобод таи солхои охир тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Таи ду соли сипаришуда тавассути Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти ибтидоии касбӣ» чор гурӯҳ аз ҳисоби духтарону занони маҳаллӣ ба касбҳои «Фермер-соҳибкор» ва «Асалпарварӣ» ҷалб гардида, муддати 6 моҳ бо идрорпулӣ таъмин карда шуданд. Дар МДТ «Литсеи касбии техникии ноҳия» ва Маркази касбомӯзии бонувон кабинетҳои ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо гурӯҳҳои духтарона касби «Дӯзандагӣ» ва «Адрасбофӣ»-ро аз худ менамоянд.
Баргузории чорабинии мазкур дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ҳарсолаи шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати ба шуғл таъмин намудани сокинони бешуғли ноҳия, бахусус, занону духтарон роҳандозӣ гардид.