Агарчи аз гузашти бародарам моҳҳои зиёд сипарӣ шуда бошад ҳам, чеҳраи хандонаш, рафтору кирдори мардонааш то ҳол як лаҳза аз назарам дур намешаванд.
Шахсии наздикро аз даст додан бениҳоят вазнину сангин аст. Бародари мо Раҷабов Ватаншоҳ Шоҳевич (руҳашон шод бод) ҷисман аз байни мо рафта бошад ҳам, вале руҳан аз байни мо нарафтааст ва намеравад, зеро ӯ бениҳоят шахси хоксор, хушмуомила, раҳмдил ва чеҳрахандон буд. Шояд ҳамин хислатҳои ҳамидааш буданд, ки то ҳол бародарон, ҳамсояҳо ва дӯстону ҳамкорон аз марги нобаҳангомаш ба худ наомадаем ва дар назари ман ҳама бародарон паршикаста шудаем.
Барои ман ба рeйи rоuаз овардани чунин xумлаҳо бениҳоят вазнин ва дарднок аст, чунки бародарамро бениҳоят дӯст медоштам. Ӯ ҳарчанд ки додари хурдии мо буд, ҷигарбандамон буд, дар ҳаёт қуввати дили мо буд. Дар назари ман Ватаншоҳ фарзанди калонии ман буд, дӯсти ҷонӣ, ҳамсинф, ҳамкурс ва қуввати зиндагии ман буд, зеро ӯ дар тамоми пастиву баландиҳои зиндагӣ дар бари ман рост буду лаззати зиндагиро бе додари ҷигарбандам ҳис карда наметавонистам. Бе Ватаншоҳ ба ягон маърака, зиёрати хешу табор, дӯстон ва ҳатто ба зодгоҳамон ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон сафар карда наметавонистам ва ҳатман ӯро бо худ мебурдам.
Ватаншоҳ, ки бениҳоят бачаи шӯх буду чеҳраи кушод дошт, маро шӯхиомез ронандаи худаш муаррифӣ мекард. Дар роҳи дурудароз дар сафарҳо бо ӯ буда, ягон бор хасташавиро эҳсос накардаам. Ҳар гоҳ, ки Ватаншоҳро бо худ намебурдам, ҳама аз ман эрод мегирифтанд, ки чаро ӯро бо худ наёвардӣ ва худам ҳам эҳсос мекардам, ки дар паҳлуи ман касе намерасад ва гӯё танҳо бошам, ғамгин мешудам. Мо бо ҳамкасбон ва дӯстони зиндагиам низ дар рӯзҳои истироҳатӣ ба сайругашт мерафтем. Агар Ватаншоҳро намебурдам, онҳо низ ба ман қотеъона фишор меоварданд, ки чаро Ватаншоҳро наёовардӣ, зуд занг зада даъваташ кун, ҳатман биёяд, мегуфтанд.
Хулоса, додари ғуррамаргам шахсияте буд, ки дар дили ҳама хурду калон ба хубӣ ҷой гирифта буд. Муносибати Ватаншоҳ бо ҳамсараш Гулсифат ва фарзандонаш Муҳаммадxон, Муборакшо ва яякадухтари зебояш Парвона самимӣ ва дар пояи якдигарфаҳмӣ буд. Ӯро дар оила ҳама бениҳоят дӯст медоштанд. Хусусан духтари паричеҳрааш Парвона, ки навакак дар гирди падар бо ҳазор як орзуву ҳавас чарх мезад, рақс мекард, ба мисли фариштаҳо парвоз мекард. Падар барои ин духтар ҳеҷ чизи дунёиро дареғ намедошт ва баъд аз анҷоми рузи корӣ ба назди духтараш чӣ хел ба хона омаданашро намедонист. Духтараш бошад, бесаброна омадани падарро интизор мешуд. Духтарчаяки бегуноҳ, ки навакак дарзмолкунаки куртаҳои падар шуда буд, аз меҳру муҳаббати гарми падар то абад маҳрум гашт ва чӣ илоxу чора – қисмату тақдир.
Ҳамсараш Гулсифат, ки айни ҳол саробонии се фарзанди бонангу номуси ин фидоии миллатро бар ӯҳда дорад ва давомдиҳандаи касби шавҳар дар яке аз беморхонаҳои баруманди пойтахтамон мебошад, ба мардуми корафтодаи Тоҷикистони азизамон содиқона ва софдилона хизмат намуда истодааст.
Ватаншоҳ худхоҳ ва молпараст набуд, ӯ тамоми беморонашро бо муомилаи хуб табобат мекард, нисбат ба калонсолон ва устодони соҳаи тиб бениҳоят ҳурмати баланд дошт. Дар беморхонаи Ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе табиби дараҷаи олӣ буд, сазовори якчанд ҷоизаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи тиб гашта буд. Аз ҳама муҳимаш он буд, ки ҳеҷ гоҳ аз забонашон суханони носазо намебаромад ва нисбат ба устодон ва калонсолон беэҳтиромӣ зоҳир намекард.
Ҳаргоҳ ки бо бародари марҳумам Ватаншоҳ ба зодгоҳамон деҳаи Зулмободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин азми сафар мекардем, бародарони дар деҳот будаи мо омаданамонро бесаброна пазмон мешуданд ва аз хурсандӣ чӣ кор карданашонро намедонистанд. Ҳангоми ба деҳа расиданамон дар хонаҳои бачаҳои раҳматии момаи Сарвар – модари азизамон (руҳашон шод бод) гўё ки туй барпо мешуд. Бародарон ва хурду калон ташнаи дидори бародарони шаҳрӣ буданд, ҳар кадом бо навбат ба хонаҳои худ даъватамон мекарданд, ба меҳмондорию меҳмоннавозӣ машғул мешуданд, ҳамсояҳои дуру наздикро ба сари як пиёла чой ҷамъ меоварданд ва суҳбатҳои ҷолиб мекардем. Оид ба бартараф кардани мушкилиҳои якдигар ва дастгирӣ кардани ниёзмандон мулоҳизаҳо мекардем ва чораҳои амалӣ меандешидем. Аз ин рафтори бачаҳои момаи Сарвар мардуми маҳалла лаззат мебурданд ва барои чунин иттифоқу сарҷамъ будан ҳазор офарину аҳсан мегуфтанд ва дуои нек мекарданд.
Аъламхон Наимӣ, яке аз дӯстони беҳтарини бародарам буданд. Ӯ ҳамсояи нексиришт, меҳрубон, шахси хоксор, яке аз шахсиятҳои обруманди ҷумҳурист, ки хубиҳояшон ба кулли мардум расидааст. Аъламхон дӯсти беҳтарини бародари марҳумам Ватаншоҳ мебошанд, ки аз мустаҳкамии дӯстию рафиқии онҳо дигарон ангушти ҳайрат мегазиданд.
Вақте ки мо бо ҳамроҳии Ватаншоҳ ва Аъламхон ба деҳа сафар карданӣ мешудем, пеш аз сафар аввал шӯхиомез ва бо ҳазлу шӯхӣ фармоишҳо, ё ба қавли дигар «заказ»- ҳои Алик (Холов Алӣ)-ро ёдоварӣ мекардему ҳатман онҳоро дар бағоҷи мошинамон гирифта, сӯйи зодгоҳ раҳсипор мешудем. Аз ҳама аҷибаш он буд ки ҳамаи он фармоишҳое, ки аз ҷониби Алик ба Ватаншоҳ ва Аъламхон мешуд, бечунучаро иҷро мегардиданд. Ба андешаи ман ин нишонаи дӯсти қавӣ будани онҳо буд.
Ҳангоми ташриф оварданамон ба деҳа Алик аз дидори дӯстони даврони хурдсолиаш чунон хурсанд мешуд, ки ҳеҷ ногуфтанист, вале аҷибаш он буд, ки ҳар дуи онҳо аз Алик боз ҳам зиёдтар хурсанд мешуданд. Дӯстони қавӣ дар сари як пиёла чой аз барачарониҳову тўйравиҳо ва аз рeзҳои хотирмони даврони кудакӣ ёдоварӣ мекарданд. Баъди тановул кардани хӯрок онҳо дар кӯчаҳои маҳалла пойи луч, дар байни тудаҳои хок ба ин тарафу он тараф мерафтанд ва ба ҳамин хумори даврони бачагиашонро мешикастанд.
Калимаи Алик, ки аз забони бародари марҳумам Ватаншоҳ ва дўсти азизамон Аъламхон садо медод, исботи он буд, ки онҳо бо якдигар унс гирифта, дӯстони қавиву ҷонӣ буданд. Ин шахси азизи мо – Холов Алӣ муаллими мактаби №8 деҳаи Зулмободди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мебошад. Ӯ шахси босаводу андешамандест, ки шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Дар баробари ин, ў шахси хушмуомила ва хоксор мебошад. Ростӣ, ҳамсуҳбат шудан бо Холов А. як кайфияти ба худ хос дорад, чунки шахси бекина аст, ғурбатро намеписандад, суханҳое мегўяд, ки бо онҳо дар дили ҳар касе зуд ҷой мегирад. Шояд ҳамин хислатҳои аҷибаш бошад, ки бо бародари марҳумам Ватаншоҳ аз даврони хурдсолӣ то ин дунёро падруд гуфтан дӯсти қавию ҷонӣ ва ба ҳамдигар ва фидокор буданд.
Руҳат шод бод, бародару дӯсти ҷонӣ, Ватаншоҳ!
Шоҳиён Юсуф