11 ДОВТАЛАБ БА ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
6 июн даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид. Дар озмун хонандагону ҷавонони боистеъдоде, ки ҳунари сарояндагию навозандагӣ доранд, иштирок намуданд.
То даври ноҳиявӣ озмуни мазкур дар муассисаҳои таълимӣ ва Ҷамоатҳои деҳот бо иштироки 360 нафар довталабон гузаронида шуда аз онҳо 23 нафар ба даври ноҳиявӣ интихоб гардиданд. Пас аз хулосаи доварон беҳтарин иштирокдорон дар номинатсияҳои сарояндагӣ ва навозандагӣ ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Аз байни иштирокчиён дар номинатсияи сарояндагӣ – Назризода Шаҳноза, Пиров Шодрӯз, Шарифов Нодиршоҳ, Манучеҳри Хуршед, Орзуева Дурахшон, Сиҷоуддинов Абдураҳмон, Сояева Шифо, Орзуев Муҳаммадвосит, Шарипов Раҷабалӣ, Нащриева Шоира ва дар номинатсияи навозандагӣ Абдуқаҳҳоров Фирдавс барои иштирок дар даври минтақавӣ интихоб гардиданд.
Ба иттилои мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Додихудо Эшонов имсол нисбати солҳои пешин шумораи иштирокчиён афзудааст. Бори нахуст аст, ки аз ноҳияи Тоҷикобод ба даври минтақавӣ 11 нафар сарояндагон роҳхат мегиранд, ки ин гувоҳи гуфтаҳои болост. Аксари оҳангҳоро барои озмун сароянда ва навозандаи шуъбаи фарҳанг Саъдӣ Орзуев дар мавзӯҳои Ватан, Истиқлол, Модар ва тараннуми дӯстиву муҳаббат эҷод намудааст. Озмунро намояндагони шабакаҳои телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ба навор гирифтанд.
Озмуни мазкур бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон соли сеюм аст, ки баргузор мегардад.