Изҳорот оид ба қазияи блогер Далери Эмомалӣ, ки дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ чоп гардид, мавриди баҳсу мунозираҳои гуногун қарор гирифтааст.
Ӯ, агар мавриди озору шиканҷа қарор гирифта бошад, итминон дорем, ки қонунгузор марҳилаи расмӣ ва ошкори ҳаллу фасли онро пешниҳод менамояд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд. Изҳороти мазкур бошад, зери имзои созмонҳои хабарнигории кишвар, ҳафтаномаву рӯзномаҳои давлативу хусусӣ дар сомонаҳои моҷароҷӯе чун «Радиои Озодӣ», «Паём», «Азда» ва ғайра ин қазияро бо додани тобишҳои сиёсӣ нашр ва хилофи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ карда, сиёсати иттилоотии давлатиро дар самти фароҳамсозии шароити мусоиди ВАО якҷониба инъикос менамоянд, ки ҳаргиз қобили қабул нест. Мо ин тарзи масъалагузориро қотеъона рад мекунем ва даъват менамоем, ки кӯшишҳои сиёсисозии ин қазия пешгирӣ карда шавад. Аз ҷониби дигар, дар сурате ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад ва мизбони нишасту ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ аст, пеш овардани масъалаи ҷузъии авбошӣ ба баррасии умумӣ салоҳи сиёсати калонмиқёси давлатӣ нест.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ, таҳқими озодии баён ва тақвияти фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи хусусиву давлатӣ, корҳои муассирро анҷом медиҳад. Мо бояд бо қадрдонӣ аз ин заҳматҳои шабонарӯзӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, ки бо амалҳои ғайривоқеӣ ва беҷои худ онро латма назанем. Агар ҳар як журналист, новобаста аз мансубияташ ба кадом як расона, берун аз доираи Қонун амал кунад, бояд ҳатман ошкоро ва бехотирбинӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Мо ҳақ надорем, ки бо муносибати хушунатомез дастовардҳои Ҳукуматро дар ин соҳа зери суол гузорем. Вазифаи мо ҷомеаи журналистӣ ҳифзи ин арзишҳост, на ҳамовозӣ бо баъзе аз кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои ҳангомапардоз, ки «дар оби лойолуд моҳӣ доштан мехоҳанд».
Ҳамраъйии мо бо созмонҳои журналистӣ танҳо дар ҳамин ҳад аст ва ба ҳамин маънӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, хоҳиш ҳам карда будем, ки дар як ҷаласаи хоса бо иштироки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва худи ин блогер қазия мавриди баррасӣ қарор гирад. Мавқеъгирии мо нисбат ба Д. Эмомалӣ аз ҷониби баъзе аз сомонаҳои моҷароҷӯ мавриди суиистифода ва таҳриф қарор гирифтааст, ки дар ин ҷо норозигии худро бо ин тафсири воқеа бо сароҳат ва равшании калом баён медорем.
Дар баёния чанд масъала ва бархӯрдҳои дигаре низ оварда шудаанд, ки аслан мо аз тафсилоти онҳо хабар надорем ва зери он имзо нагузоштаем. Изҳорот бояд бо ному насаби мо, на бо унвони расонаҳое, ки дар он фаъолият дорем мерафт.
Гузашта аз ин, то ҷое, ки мо иттилоъ дорем рӯзноманигорони зикршуда (М. Юсуфӣ, Б. Юсуфӣ, А. Орифов, Н. Исамов, Р. Мирзобекова) доир ба моҷарою овозаҳое, ки дар бораи онҳо паҳн шудаанд, ба созмонҳои журналистӣ муроҷиат накардаанд.
Мо муаллифони раддия, новобаста аз расмӣ ва ё хусусӣ будан, ҳамеша ба фаъолияти ҳамкасбон арҷ мегузорем ва рисолати рӯзноманигориро дар мусоидат ба рушду пешравии кишвар, таъмини фазои амну ором, пешгирии решадавонии радикализму наҳзатизм, ки дар гузаштаи на чандон дур боиси мусибати миллӣ шудааст, дарк мекунем. Ҷонибдори он ҳастем, ки новобаста аз иштибоҳҳое, ки аз ҷониби журналистон ҳангоми пешбурди фаъолияти рӯзноманигорӣ сар мезананд, мақомоти салоҳиятдор дар доираи қонун бархӯрд намоянд, то аз ҷониби душманони миллат ин гуна қазияҳо ҳамчун таҳмил намудани ҳисси беэътимодӣ дар ҷомеа тавзеҳ нагарданд.
Аз журналистони гиромӣ низ хоҳиш менамоем, ки ҳангоми сар задани чунин ҳодисаҳо ба тариқи расмӣ ба ниҳодҳо ва созмонҳои журналистии кишвар муроҷиат кунанд, то ин ки аз ҷониби неруҳои бадхоҳи миллат мавриди истифодаи ғаразнок қарор нагиранд.
Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ»
Бахтиёр ҲАМДАМОВ,
Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»
Самариддин АСОЗОДА,
Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон»
Шарифи ҲАМДАМПУР,
Сардабири ҳафтаномаи «СССР»
Сайёфи МИЗРОБ