БОЗДИДИ СУЛАЙМОН ЗИЁЗОДА ВА ОРИФ ХОҶАЗОДА АЗ ЗАМИНҲОИ КИШТИ ТОҶИКОБОД

(Муовини Сарвазир аз киштукори имсола  изҳори қаноатмандӣ намуд).

 10 июн бо мақсади шиносоӣ бо рафти киштукори баҳорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо ҳамроҳии раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ва бархе аз масъулини соҳа пас аз боздид аз заминҳои кишт дар шафати шоҳроҳ аз Ҷамоати деҳоти Ширинчашма, аз ҷумла мавзеи картошкапарварии Регак ва Навдонак  дидан намуда, ба кори кишоварзон  баҳои баланд доданд. Мавриди зикр аст, ки мавзеи Регаки Ҷамоати деҳоти Ширинчашма, ки дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, яке аз минтақаҳои зебоманзар ва дурдасти  баландкӯҳ ба ҳисоб  меравад. Ин мавзеъ барои истеҳсол намудани  маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка ва ғалла мувофиқ аст. Дар Ҷамоати деҳоти  Ширинчашма, ки меҳмонон ташриф оварданд,  хоҷагии деҳқонии  коллективии тухмипарварии «Сари  най» ва дар ҳудуди он 387 хоҷагии  деҳқонии хурду миёна ҷойгир аст, ки 386 гектар замини корам ва 193 гектар замини обӣ доранд. Ҳамасола кишоварзони ноҳия аз ин заминҳо ҳосили дилхоҳ, аз ҷумла картошка ба даст меоранд. Тавре меҳмонон мушоҳида намуданд, мусоид омадани обу ҳавои имсола – боронҳои пай дар пай боиси афзоиши хуби алафзор дар доманакӯҳҳо ноҳия  гардидаст.

Майдони  заминҳои корами ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ мувофиқи тавозуни ноҳия 4480 гектар, инчунин майдони боғҳои ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1700 гектарро ташкил медиҳанд. Дар тавозуни замини ноҳия дар сохтори кишоварзӣ ва сектори аҳолӣ 4287  гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз он 2429 гектараш замини обӣ мебошад. Муовини Сарвазир ба роҳбарияти ноҳия ва кишоварзон супориш доданд, доданд, ки маъракаи киштро дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида, тибқи дастури Пешвои муаззами миллат тамоми майдонҳои замини корам пурра ба кишту кори зироатҳои кишоварзӣ фаро гирифта шаванд.       

       Тавре иттило дода будем,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ  бо раисони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор  доир ба таъмин кардани истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, суръат бахшидани кишти такрорӣ барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот, махсусан доир ба зиёд кардани истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокии он  супоришҳои мушаххас доданд.  

          Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба таври қатъӣ талаб карданд, ки бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кам шудани маводи ғизоӣ ва болоравии босуръати нархҳо ба масъалаи истифодаи тамоми захираву имкониятҳо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дода шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code