ҲАМОИШИ ТАБИБОН ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Имрӯзҳо дар ноҳияи Тоҷикобод чорабиниҳои гуногун ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ташкилоту муассисаҳо идома доранд.
Дар доираи ин чорабиниҳо дар беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба истиқболи ҷашни 27 июн- рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмию амалӣ доир гардид.
Дар конференсия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Мирзомуддин Носирзода доир ба ҳадафи чорабинӣ ва роҳи тӯлонии расидан ба сулҳу осоиштагӣ ба таври муфассал суханронӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки дар вазъияти солҳои душвори навадуми асри гузашта, ки мардуми тоҷик парокандаю дилмонда чу мурғи паркандае буданд, навои сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони азияткашидаи моро болу пар бахшида, ба ҳаёти нави осоишта умедвору рӯҳбаланд намуд.
Дар чорабинӣ сардухтури беморхона Насимҷон Шарифов доир ба нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳу суббот маърӯза намуд. Сардухтур таъкид намуд, ки дар ин рӯзҳо ёдовар шудан аз рӯзҳои мушкили мардум ва роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу осоиштагӣ, бахусус барои ҷавонон дарси ибрат буда, аз манфиат холӣ нест.
Дар конференсия чанд нафар корандони соҳа, аз ҷумла табиб Асҳобиддин Ҳашаров ва ҳамшираи шафқат Ширмоҳӣ Муродова заҳматҳои шабонарӯзии табибони ноҳияро баҳри ҳифзи саломатии шаҳрвандон ёдовар шуда, хотираҳои он рӯзҳои душворро баҳри сабақ барои имрӯзиён варақгардон намуданд.
Tojikobod tj.