СӮҲБАТҲОИ САРИРОҲИИ ҚАДРИДДИН ФАҚЕРЗОДА ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ НӮШОР ВА ЗАРАФШОН
21 июн раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода бо мақсади шарҳу тавзеҳи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Данғара доир гардид, бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Нӯшор ва Зарафшон мулоқотҳои сарироҳӣ доир намуд. Зимни мулоқотҳо, ки бевосита дар заминҳои кишти деҳаҳои Сари пул, Нушор, Шарқиён, Навобод, Файзбор, Гулистон, Зафаробод, Шинг ва Шаҳристон доир гардиданд, муҳтавои супоришҳои Сарвари давлат ба самъи сокинон расонида шуд.
Дар мулокотхо таъкид гардид, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба зиёд кардани истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокии он супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат талаб карданд, ки бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кам шудани маводи ғизоӣ ва болоравии босуръати нархҳо ба масъалаи истифодаи тамоми захираву имкониятҳо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дода шавад. Инчунин зимни суҳбатҳо бобати танзими расму оин, роҳ надодан ба хароҷотҳои зиёдатӣ дар чунин давраи ҳассос ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Мулоқотҳои раиси ноҳия дар дигар ҷамоатҳо идома меёбанд. Tojikobod tj.