Меҳриддин Хайруллозода: «Ҷавононро аз гумроҳӣ наҷот медиҳем!»
Мулоқот бо волидони ҷавонони бенишоншуда дар Шуъбаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод дар рӯзҳои ҷашни
Ваҳдати миллӣ
«Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлату миллат, кафили амнияту суботи кишвар ва тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ҳайати шахсии он аз замони таъсисёбӣ то имрӯз вазифа ва уҳдадориҳои хизматии худро содиқона ва софдилона иҷро карда истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Хайруллозода Меҳриддин Хайрулло, полковники милитсия, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Тоҷикобод
Соли 1977 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Аз соли 2001 дар мақомоти корҳои дохилӣ кору фаъолият дорад. Солҳои 1994-1999 дар Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур, солҳои 2005-2010 дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (бо ихтисоси ҳуқуқшинос) ва солҳои 2018-2021 дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таҳсил намудааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 2001-ум дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар Раёсати мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Раёсати кофтукови ҷиноӣ, шуъбаи 6-уми Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, муовини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кору фаъолият намудааст. Айни замон вазифаи сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Тоҷикободро ба уҳда дорад. Якчанд маротиба аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии маводи мухаддири Русия бо мукофоту ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Аз ҷониби Президенти мамлакат соли 2006 бо ордени Спитамен ва 2012 бо медали Ҷасорат сарфароз гардонида шудааст. Ҳангоми фаъолият дар Раёсатҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ҷонро ба хатар гузошта, дар ошкор ва дастгир намудани гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, инчунин дар амалиётҳои зидди гурӯҳҳои ифротгароёна дар Бадахшон ва Рашт саҳми назаррас гузоштааст. Бо иштирок ва амалиётҳои ҷасуронаи ӯ гурӯҳи калони нашъамандони трансмиллӣ ошкор ва ҳаҷми махсусан калони маводи мухаддир мусодира карда шудааст. Зимни фаъолияти мавсуф сатҳи ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳо бештар ба назар мерасад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллатро бобати ҳақиқату адолатпарастӣ, хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан, шуҷоату далерӣ сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи хеш дониста, бо боварӣ мегӯяд, ки дар ин роҳ ҷони худро дареғ намедорад.
Баробари ба сифати сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ба фаъолият оғоз намудани полковники милитсия Меҳриддин Хайруллозода масъалаи низому тартибот дар байни ҳайати шахсӣ қавӣ гардида, ба пешгирии ҷинояткорӣ ва фаъолияти профилактикӣ ва ҷустуҷуӣ – оперативӣ дар самти мубориза ва пешгирӣ бо экстремизму терроризм диққати хосса дода шуд. Аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод вобаста бо корбарӣ бо ҷавононе, ки аз кишварҳои ҷангзада ва таҳсилоти ғайриқонунӣ аз давлатҳои исломӣ баргаштаанд, корҳои ташвиқотӣ ва амалӣ пурзӯр карда шуд. Бо ташаббуси сардори шуъба як нафар сокини ноҳия, ки бо ҷурми терроризм дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ба Ватан бозгардонида шуда, бо чанд нафари дигар корбарӣ идома дорад. Бо ибтикори сардори шуъба Меҳриддин Хайруллозода бо волидону пайвандони ҷавононе, ки дар кофтукови расмӣ қарор доранд, суҳбату вохуриҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар мулоқоте, ки дар арафаи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ сурат гирифт, аз натиҷаҳои бадастомада дар ин самт, азҷумла бозпас овардани ҷавононе, ки солҳо боз беному нишон дар кишварҳои исломӣ қарор доштанд, сухан рафт. Дар рафти мулоқот М. Хайруллозода аз кӯшишу талошҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргардонидани чунин ҷавонон, ки бевосита бо дастури Пешвои муаззами миллат сурат мегирад, ёдовар шуд. М. Хайруллозода таъкид намуд, ки шахсан барои пайдо намудани суроғаи ҷавононе, ки аз ноҳия ба хориҷи кишвар рафта, дар кофтукови расмӣ қарор доранд, талош меварзад. Ӯ волидонро бовар кунонид, ки дар ин самт бо роҳбарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор аз тамоми воситаҳо истифода хоҳад намуд. Дар мулоқот бархе аз волидон изҳор намуданд, ки солҳост, ки аз фарзандонашон ягон хабар нест, аз ин рӯ ба сардори шуъба барои дастгирӣ ва талошҳояш ҷиҳати пайдо намудани маълумот ва эҳтимоли бозгардонидани фарзандонашон изҳори сипос намуданд.
Меҳриддин Хайруллозода зимни суҳбат аз ҷумла қайд намуд, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин ҷавононеро, ки пушаймон шуда, ба Ватан баргашта, дар аъмолашон ҷиноят набуд, мавриди авф қарор додааст. “-Бо дастури Пешвои миллат ва саъю талошҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амният зиёда аз 3000 нафари чунин ҷавонони гумроҳшуда бозпас оварда шуданд. Ҳамаи ин аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва нишони олиҳимматии ӯ шаҳодат медиҳад. Фарзандони Шумо низ, агар ҷинояте содир накарда бошанд, аз ҷавобгари ҷиноӣ озода буда, метавонанд ба зодгоҳи худ баргашта, ба зиндагии осоиштаи худ дар Тоҷикистон идома диҳанд, иброз намуд М. Хайруллозода”. Сардори шуъба ваъда дод, ки омодааст, барои баргардондани ҳамин гуна шаҳрвандони пушаймоншуда бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳаматарафа мусоидат ва ёрии амалии худро расонад.
Меҳриддин Хайруллозода таъкид намуд, ки ҷаҳони имрӯза хело мураккаб гардидааст, таҷрибаи талхи солҳои охир нишон медиҳанд, ки агар насли ҷавон дуруст тарбият наёбад, метавонад ба доми нерӯҳое гирифтор шавад, ки онҳоро ба дасти худашон нобуд созанд. Мутаассифона мо шоҳиди он будем, ки ҷавононе, ки дар иҳотаи афкори сусту заиф ба воя расидаанд, ба хотири пул ва ё ба умеди зиндагии наву осон ва ё ваъдаи «охирати обод» шарафу виҷдони худро ба осонӣ фурӯхта хатари онҳо дар ниҳояти кор ба ҳама аҳли ҷомеа мерасад. “ -Аз ин рӯ, шумо волидон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки баҳри пешгирии чунин зуҳуроти номатлубу хатарнок дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратӣ ва маориф ҷавононро бо ҳунаромӯзиву маърифатнокӣ ва илму фановарии муосир ҳидоят намуда, афкори созандаю пешрафтаро дар зеҳнашон мустаҳкам намоем, то барои қабули мафкураи хурофотпарасту ифротгароёна заррае ҷой намонад”, иброз намуд, сардори шуъба.
“- Ҳоло, ки мо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем, гуфтаниям, ки ба насли ҷавонон бояд фаҳмонем, ки ин фазои Ваҳдату субот ва рушду пешрафти диёр ба осонӣ муяссар нагардидааст, ин ҳама дастовардҳо бо заҳматҳои ҷоннисоронаи фарзандони шуҷоъ, таҳти роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд.
Дар навбати худ ман барои дарёфти маълумот ва бозпас овардани фарзандони Шумо дар асоси талаботи қонун ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбута ҷиддан кӯшиш мекунам. Вале мову шумо ба фарзандони дигар, ба наврасону ҷавонони имрӯза бояд фаҳмонем, ки ба қадри неъматҳои сулҳу осоиштагӣ, ин ободонию бунёдкориҳо бирасанд то дар оянда на афкори сӯзанда, балки ҳаёти солиму созанда ва осоиштаро интихоб намоянд”, – таъкид намуд дар поёни суҳбат сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Тоҷикобод Меҳриддин Хайруллозода. Tojikobod tj.