Мулоқотҳои Қадриддин Фақерзода бо сокинони Ҷамоатҳои Қалъаи лаби об ва Лангари шоҳ идома ёфтанд.
22 июн мулоқотҳои сарироҳии раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода бо мақсади шарҳу тавзеҳи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Данғара доир гардид, бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи лаби об ва Лангари шоҳ идома ёфтанд. Зимни мулоқотҳо, ки бевосита дар заминҳои кишти деҳаҳои Сари пул, Нушор, Шарқиён, Навобод, Файзбор, Гулистон, Зафаробод, Шинг ва Шаҳристон доир гардиданд, муҳтавои супоришҳои Сарвари давлат ба самъи сокинон расонида шуд. Дар мулоқотҳо раиси ноҳия таъкид намуд, ки вобаста ба авзои мураккаби ҷаҳон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуда, бо истифодаи самараноки замин зиёд намудани майдони кишти картошка вазъи душвори иқтисодии аҳолии мамлакат мусоидат хоҳад намуд.
Таъкид гардид, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба зиёд кардани истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокии он супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат талаб карданд, ки бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кам шудани маводи ғизоӣ ва болоравии босуръати нархҳо ба масъалаи истифодаи тамоми захираву имкониятҳо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дода шавад. Президенти мамлакат зикр намуд, ки соли ҷорӣ ва соли оянда барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ солҳои бисёр вазнин ва душвортарин дар таърихи инсоният мегарданд.
Аз ин рӯ, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати пурра таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Тибқи супориши Сарвари давлат дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.