ДАР ИН ХОК, ДАР ИН МАЗРААИ ПОК, БА ҶУЗ МЕҲР, БА ҶУЗ ИШҚ, ДИГАР ТУХМ НАКОРЕМ!
Ба хотираи шаҳиди роҳи сулҳу ваҳдат
Фазлиддин Нидоев
Боиси шукру сарафрозист, ки мо ҷашни 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу осоишта таҷлил намудем. Дар ин рӯзҳо ёдовар шудан аз рӯзҳои мушкил, аз қурбониҳо ва аз роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу осоиштагӣ, бахусус барои ҷавонон дарси ибрат бувад.
Дар вазъияти солҳои душвори навадуми асри гузашта, ки мардуми тоҷик парокандаю дилмонда чу мурғи паркандае буданд, навои сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони азияткашидаи моро болу пар бахшида, ба ҳаёти нави осоишта умедвору рӯҳбаланд намуд.
Вале замоне, ки бо талошҳои ҷоннисоронаи хеш Сарвари тозаинтихоби кишвари тозаистиқлол Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии оташи ҷанг ва барқарор сохтани ҳокимияти давлатӣ шабу рӯз талош меварзид, гурӯҳҳои тахрибкору бадхоҳ бо дастури хоҷагони хориҷиашон алангаи ҷангро ба шарқи мамлакат бурда, ҷавонони маҳалиро ба муқобили давлату миллати худ иҷборан ба по мехезониданд. Дар моҳи феврали соли 1993 ба хотири пешгирӣ аз идомаи ҷанги бемаъно гурӯҳи масъул иборат аз мутахассисони варзидаи сохторҳои қудратию низомӣ барои гуфтушунид ба Рашт равон карда шуд. Агар он гуфтушунидро силоҳдорони зархарид хиёнат намекарданд, оташи ҷанг ҳамон вақт хомӯш мешуд, вале мутаассифона ҳадафи ҷангҷӯён сулҳу осоиштагии тоҷикон набуд. Бо амали ноҷавонмардона, бо фиребу найранг тамоми аъзои ин гурӯҳро, ки ҳадафаш муколама ва пешгирии даргириҳо буд, ба қатл расониданд ва алангаи ҷанг ба шарқи ҷумҳурӣ расида доман густурд. Дар миёни он гуруҳ ҷавони шуҷою некандеш, собиқадори прокуратура, ахиран корманди кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Фазлиддин Нидоев буд, ки аз дили софу самимонааш сидқан ба сулҳу салоҳ ва ояндаи дурахшони кишвар боварӣ дошт.
Бо хоҳиши дӯстони ӯ Аброр Ғафуров ва Давлатмурод Нозилов- аз шахсиятҳои бофазилати диёр, ки дар Фестивали умумииттифоқии ҷавонону наврасон дар соли 1982 дар шаҳри Маскав бо Фазлиддин вохурда хотираҳое доранд, навиштаи Муҳаммади Эгамзодро, аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз моҳи марти соли 1993 ҳамчун хотирае аз рӯзгори ин қурбонии роҳи сулҳу ваҳдат, ки мутаассифона чун ҳазорони дигар ба ин рӯзҳои неки мо нарасид, манзур менамоем.
САБЗАИ АВВАЛБАҲОРИ ЗЕРИ БАРФИ ОХИРИНЕМ… МУҲАММАД ЭГАМЗОД
Ман оҳ мекашам…Оҳ мекашаму намедонам сари худ ба кадом дару девор бизанам, пеши кӣ дарди дил гӯяму домони ки бигирам. Ҳоли маро худам медонаму Худо. Ба марги садҳо ҷавонони ҳамсолам гиристаам. Вале марги дӯсти наздикам Фазлиддин бароям он қадар гарон асту гарон, ки аз худ бехудам. Ба ҷигарам кора кардааст. Боварам намеояд, ба Худо боварам намеояд, ки варо зи мо бурдаанд. Ҳанӯзам чеҳраи гарму ошнои ӯ, чашмони маҳзуну меҳрубонаш пеши назарам аст. Хаёлам ҳарҷое равам ӯ мисли пешин паҳлӯям қадам мезанаду бо ман дар гуфтугӯст. Идораи собиқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар наздикии Прокуратураи шаҳри Душанбе воқеъ буд. Дӯсти ман Фазлиддин дар Прокуратураи пойтахт ба ҳайси ёвари прокурори шаҳр кор мекарду ман дар “Ҷумҳурият” ба сифати хабарнигор. Мо қариб ҳар рӯз якҷо будем, бегоҳиҳо баъди кор дар кӯчаҳои шаҳр қадам мезадем. Маро аз хушгӯӣ, боодобӣ ва вафодории дӯстам Фазлиддин ҳавасам меомад. Ҷавони бофарҳангу бомаданият буд. Мо аз хусуси шеъру сухани воло, фарҳангу адабиёти халқамон сӯҳбат мекардем. Вай шеъри зиёде азёд медонист. Ман баъзан қоил мешудам, ки корманди прокуратура ин қадар шеърдону сухандон аст.
Фазлиддин, ту худат шеър менависӣ? – боре пурсидам аз ӯ. Хандида- “Кам-кам барои таскини дили худам…”Ва ҳамин тавр мо дӯстон якҷоя шеъри нахустини Фазлиддинро ба дасти чоп супурдем. Он дар яке аз шумораҳои соли 1990-уми саҳифаи “Корвон”-и рӯзномаи “Ҷумҳурият” таҳти унвони “Ёрон сухане гӯед”… ба табъ расид. Фазлиддин аз шодӣ ҷои нишаст намеёфт. Рӯзе чанд бор занг мезад…
… Такя ба девор мезанаму аз паси равзанаи хотираҳои парешонам ба раҳ менигарам. Чеҳраи гарму ошнои дӯсти азизам Фазлиддин пеши назар меояд. Гӯё ӯ боз хандида-хандида сӯям қадам мезанад. Ва яке нопадид мешавад. Ӯ дигар миёни мо нест. Ва исмаш бо хатҳои заррин қатори ҳазорон фарзандони барӯманди миллат, шаҳидони роҳи озодиву истиқлоли Тоҷикистон сабт ёфта. Акнун номи ӯ ҷовидонист. Ҷавон буду ҷавонмарг шуд дӯстам. Фазлиддин. Вале дар умри кӯтаҳи худ тавонист, ки дар замири дили зиндаҳо ҷой бигирад. Раҳматӣ инсоне буд нотакрор, дилсоф буду доною далер, вале хоксор буду хоксориро меписандид. На ҳар кас дар ин синну сол чунин эътибору нуфуз ба даст меоварад, агар умр вафо мекард, се моҳ пас сисола мешуд. Ман ӯро зиёд таърифу тавсиф намекунам. Ин ҷо фақат як пора шарҳи ҳолашро ба ҳукми хонандаи азиз мегузорам, ки симову сирати ин ҷавонмарди зиндадил, инсони шарифу меҳрубонро боз мегӯяд. Нидоев Фазлиддин Фозилович 31-маи соли 1963 дар маркази ноҳияи Тоҷикобод таваллуд ёфтааст. Ҳанӯз айёми мактабхонӣ варо ҳамчун ҷавони фаъолу зирак ва кордону зиндадил шинохта буданд.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ бо роҳбаладии омӯзгори сахтгиру меҳрубонаш Юлдошева Тайиса Магамедовна дар байни хорнандагони ҷумҳурӣ ҷои сеюмро ноил гардидп буд. Соли 1980 баъди хатми мактаби миёнаи №19 ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқукшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Чанде дар мактаби деҳаи Фатҳобод фаъолият намуд.
Солҳои 1981-1983 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шаҳри Целиноград хизмат намуда, дар он ҷо ба сафи ҳизб пазируфта ва унвони сержантиро соҳиб гардид. Баъди бозгашт соли 1984 дар шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносӣ таҳсилашро давом дод. Фазлиддин Нидоев зимни таҳсил ба замми аълохониаш дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии факулта ва Донишгоҳ ширкати фаъолона дошт. Ҳамаи устодон ва ҳамсабақонаш ба ӯ эҳтироми хосса доштанд. Фазлиддин узви бюрои ҳизбӣ ва котиби ташкилоти комсомолии факултаи ҳуқуқшиносӣ буд. Ҳамчунин узви фаъоли маҳфили “Уголовное право” аз номи кумитаи комсомоли ҷумҳурӣ борҳо бо ифтихорномаву дипломҳо қадр шуд. Дар фестивали Х11-уми ҷавонон ва донишҷӯён дар шаҳри Маскав ширкат намуда, ба гирифтани ифтихорномаи КМ ВЛКСМ сазовор гардид. Ҳунари зиёде дошт, ҳангоми донишҷӯӣ дар дастаи “Наврӯз” моҳирона акккордеон менавохт ва гоҳе дар пайравӣ бо Аҳмад Зоҳир суруд мехонд. аз ҷониби дастаи ҳунарии “Наврӯз”-и Донишгоҳ баррандаи Лауреати озмуни умумииттифоқии дастаҳои ҳунарӣ шуда буд. Ҳамин тариқ, мавсуф соли 1988 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро бо мувафаққият хатм намуд. Ҳуқуқшиноси ҷавон давраи коромӯзии худро дар прокуратураи шаҳри Хоруғ сипарӣ намуд. Фаъолияти кории ӯ то соли 1990 дар прокуратураи ноҳияи Ленин ба сифати ёрдамчии прокурори ноҳия оғоз гардида, то октябри соли 1991 чун ёрдамчии Прокурори шаҳри Душанбе доир ба парвандаҳои ҷиноӣ дар судҳо фаъолияти хешро пеш мебурд. 5 феврали соли 1990 Фазлиддин Нидоев вазифаи сармуфаттиши прокуратураи ноҳияи Фрунзеи пойтахтро ба дӯш гирифт. Ду сол пас пас дар Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармуфаттиш фаъолияти касбиашро идома дод…
Ин буд шарҳи мухтасари зиндагии кӯтоҳи дӯстам Фазлиддин.
Хонандаи закӣ хуб дарк намуда, ки Фазлиддин дар айни такодаву талошҳои ҷавонӣ, дар давраи сабзишу камолот ногаҳон ҳадафи тири душманони миллат қарор гирифт. Чӣ кунем, ки аз қазо ҷои гурез нест ва шаҳидонро натавон умри дубора бахшид. … Дирӯз додари ӯ Фаридун ногаҳон аз дари кориам даромад, дидаму дилам таҳ кашид, чеҳрааш Фазлиддинро ба ёдам овард. Бо хоҳиши ман чанд пора шеъри нотамоми бародари ғуррамаргашро овардааст. Варақҳои паҳну парешонро ба даст мегирам: шеърҳои нотамом, нуқтаҳо, сатрҳои ногуфта ба мисли умри кӯтоҳаш. Чанд пораи онҳоро чун дастагуле аз баҳори хазонгаштаи умри Фазлиддини ҷавонмарг ба хонандаи азиз пешкаш мекунам. Дар шеъре гӯё қисматашро айнан пешгӯи мекунад, мисраҳои охиринаш гӯё ҳанӯз дар домани қуллаҳо садо медиҳанд, ҷисми ӯ бо дили пурормону хайрхоҳонааш, бехабар аз макри қотил, аз тиру хиёнати ҳамдиёрони гумроҳ хуншор гашта, чун сабзаи аввалбаҳор рӯи барфҳои охирин мехобид.
Шеърҳои Фазлиддин мисли гулҳои худрӯянд, ки дар замири эҳсоси қалби поку беолоишаш рӯидаанд.
Ёдат ба хайру ҷоят ҷаннат бод, дӯсти азиз!
Муҳаммад Эгамзод, Мухбири “Ҷумҳурият”, 15 марти соли 1993
Фазлиддин Нидоев
НИДОИ ШАҲИДОН
Эй ҳаёт, эй шӯру ғавғои замон,
Ғурамаргонро бубахшо, ин шуда тақдирамон.
Тири қотил хӯрда дар дил, лек дил дар ҷунбиш аст,
Дар миёни оташи ғамҳои ту дар сӯзиш аст.
Сабзаи аввалбаҳори зери барфи охиринем,
Дар дил овои ҳаёту дар лабон ҳарфи пасинем.
Дидаҳомон нам гирифта, синаҳомон захм хӯрда,
Оҳамон дар осмону, ҷисмамон зери заминем,
Тоҷдору вопасинем, мо шаҳид дар ин заминем…
ЁРОН СУХАНЕ ГӮЕД…
Ёрон сухане гӯед, аз баҳри дили ошиқ,
Хуни ҷигараш хӯрда, бечора дили ошиқ.
Ёрон сухане гӯед, гулбоғ диҳад рамзе.
Аз бӯи гули лола, ояд ҳаваси ошиқ.
Ёрон сухане гӯед, ҳаргиз наравад аз ёд,
Маҷнуни сухан бошед, васле ба дили ошиқ.
Апрели с.1991. ш. Москва