«ГУЛШАН» – У « ҶАҲОНОРО» ДАР БАЗМИ ВАҲДАТИ ТОҶИКОБОД
Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар саҳни Амфитеатри боғи навбунёди фарҳангию фароғатӣ басо рангину хотирмон таҷлил намуданд.
Дар ин шом бо ибтикори роҳбарияти ноҳия ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони оркестри эстрадии «Гулшан» бо роҳбарии Баҳоваддин Неъматов ва ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» бо роҳбарии Дилором Сатторова базми ваҳдати ноҳияро шукуҳу шаҳомати хосса бахшиданд.
Сараввал мардуми ҷамъомадаро раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрику муборакбод гуфта, перомуни ин ҷашни барои миллат муҳиму таърихӣ дар мисоли рӯйдодҳои ноҳия дар давоми 25 соли расидан ба сулҳу суббот маърӯзаи пурмуҳтавоеро пешкаши ҳозирин намуд. Қадриддин Фақерзода иброз намуд, ки «имрӯз агар, тамоми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатиро ба ин неъмати бузург-ваҳдати миллӣ нисбат диҳем, хато намешавад.
Ба таъбири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсӣ буд, ки киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод. Маҳз самараи сулҳ, ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон аст, ки кишвари мо аз вартаи ҳалокат раҳо шуд ва ба қаламрави шоҳкориҳои азим ворид гардид».
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки имрӯз ҳар касе, ки ба водии Рашт, алалхусус ноҳияи Тоҷикобод сафар дошта бошад, осори он мушкилотро, ки мардум таи чанд соли гузашта, тақрибан то миёнаҳои соли 2000-ум аз сар гузаронида буд, кам пай мебарад. Акнун зиндагӣ бо як мароми муайян ҷорист ва мардум дар як фазои озод ва боварӣ ба оянда нафас мегирад. «- Талу теппаҳои каб – кабуд, даштҳои ҳамвору ҳамешасабз, иморатҳои хуштарҳи рӯҳафзо, шоҳроҳ- яке аз шохаҳои асосии шоҳроҳи абрешим бо пули азими Ваҳдат, кӯчаю хиёбонҳои чароғону ороста, варзишгоҳ ва меҳмонхонаи дар водӣ беназир, мактабу мағозаҳои барҳаво, табобатгоҳҳою корхонаҳои сершумор, ки нишонаи корнамоӣ ва ягонагии қавлу амал аст, шоҳиди ин гуфтаҳост», бо шукргузорӣ аз самараи ваҳдати миллӣ таъкид намуд раиси ноҳия Қ. Фақерзода.
Сипас як зумра кормандони масъули давлатию ҷамъиятӣ, ки дар иҷрои барзиёди нақшаи даъвати ҳарбӣ ва нақшаи кишти картошка саҳмгузорӣ намуданд, бо мукофот ва ифтихорномаҳо сазовор гардонида шуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба чанде кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд тӯҳфаҳои хотиравӣ-велосипедҳо тӯҳфа карда шуд.
Баҳри табрики сокинони ноҳия бо роҳбаладии масъули Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ”-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Расулҷон Ҳалимов сарояндагони ансамли овозадори оркестри эстрадии «Гулшан» ва гулдухтарони ансамбли рақсии «Ҷаҳонро» базми ваҳдати ноҳияро шукуҳу шаҳомати хосса бахшиданд. Ҳунарнамоии сарояндагони ҷавони ансамбл бо омезиши сабку навои муосир ва мардумӣ ба ҳозирин басо писанд омад. Дар рафти базми ҳунарӣ Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Баҳодур Неъматов бо суруди «Тоҷикобод» ба саҳна баромада, базмро ҳусни тоза бахшид.
Тавре Баходур Неъматов иброз намуд, ҳанӯз аз овони ҷавонӣ маҷмӯаи шоири шодравон Ғоиб Сафарзодаро дар даст доштааст ва баробари суруди «Хуруши мавҷи дарёӣ, ҷавонӣ» ҳамон даврон ба ин шеър низ оҳанг баста будааст. Вале ба ноҳия то солҳои наздик сафар накарда, кам ошноӣ дошта будааст.
Ба гуфтаи сароянда муддати чанд соли охир бо даъвати ҳамдиёри санъатшинос Додарбек Нидоев ҳар тобистон ба деҳаи Шарқиён омада, ҳар шом бо ҳамроҳии олимону шоирон Назри Яздонӣ, Муҳтарам Ҳотам, Муродбек Насриддин ва чанде дигар адибону дӯстон дар хилвати шабҳои тор ва ҳавои салқину мушкбези Тоҷикобод суҳбату ғазалсароиҳо мекунанд. Аз ин меҳмондориҳо ва табиати форами Тоҷикобод илҳом гирифта устод Баҳодур Неъматов шеъри «Тоҷикобод»-ро аз нав эҳё менамояд, ки ҳоло тавассути шабакаи «Шаҳнавоз» гоҳо садо медиҳад.
Баҳодур Неъматов барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти ноҳия ва сокинони тоҷикободӣ изҳори сипосу миннатдории самимии хеш ва ҳамроҳонашро иброз намуд. Мавсуф инчунин баён дошт, ки бо гирд овардани чанд овозхони хушовоз орзуи эҳё намудани шукуҳу шаҳомати пешинаи оркестри эстрадии овозадори «Гулшан»-ро дар дил мепарварад. Дар воқеъ ҳунари волои сарояндагон дар он шоми ваҳдати Тоҷикобод ба ҳар сабки хониши гӯшаҳои гуногуни тоҷик созгор буда, сатҳи касбияту овози форамашон ба амалӣ шудани орзуи ин сарояндаи номӣ моро умедвор мекунад.
Бо умеди амалӣ гардидани таманниёти неки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми шодбошии хеш бахшида ба 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ба мардуми кишвар орзу намуданд, ҷашни ваҳдати миллиро ба ҳар як ҳамватани некандеш табрик мегӯем: – «Бигзор, дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон ваҳдати миллӣ, сулҳу амният, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ абадӣ ҳукмрон бошад!».