Маҷлиси ҷамъбасти нимсола бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод Маҷлиси фаъолони ноҳия дар иртиботи ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷон Обидҷон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар маҷлиси ҷамъбасти нимсола муовини якуми раиси ноҳия Зулфиқор Рамазонзода доир ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар ин давра ҳисоботи муфассал пешкаши ҳозирин намуд.
Сипас дар назди ҳозирин раисони ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи лаби об Дилшод Фаттоҳзода, раиси ҷамоати Лангари шоҳ Қутбуддинов Муҳриддин, раиси Ҷамоати деҳоти Зарафшон Доруев Умед, раиси Ҷамоати деҳоти Ширинчашма Сайдҷаъфар Эшонов ва Ҷамоати деҳоти Нӯшор Комрон Комрони Ғафурҷон перомуни фаъолияти ҷамоатҳо дар ин муддат ҳисобот доданд.
Дар маърузаи раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои ноҳия дар давоми шашмоҳаи якуми соли 2022 ба таври муфассал баррасӣ гардида, нақшаю вазифаҳои нимсолаи дуюм арзёбӣ гардиданд. Зимни маърӯза якчанд мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта таҳлилу муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифтанд. Инчунин масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла кишоварзӣ, фарҳанг, маориф, буҷет, андозу омор, ки қаблан дар қарорҳои Иҷлосияи даҳуми маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум қабул шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Пасон бо якчанд роҳбарони ташкилоту муассисаҳо суҳбатҳо сурат гирифта, фаъолияти сохторҳои марбута таҳлилу баррасӣ гардиданд. Зимнан дар масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли сарулибоси мактабӣ ба роҳбарияти шуъбаи маориф, Литсейи касбии техникии ноҳия, филилаи Маркази калонсолони Тоҷикистон ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ супориш дода шуд, ки то оғози соли таҳсил истеҳсоли зиёда аз 4000 адад сарулибосро амалӣ намоянд.
Дар суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмадҷонзода вобаста ба авзои мураккаби ҷаҳони имрӯза дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд намудани истеҳсоли картошка, захираи ғизоҳои ниёзи аввал сухан рафта, ҳамчунин дастурҳои Машварати навбатии Президенти мамлакат дар ноҳияи Данғара ба иштирокдорони мулоқот расонида шуд. Таъкид карда шуд, ки дар шароити душвори имрӯза вобаста ба тағиротҳои сиёсӣ дар ҷаҳони муосир алаккай мушкилоти иқтисодӣ эҳсос мешавад, аз ин рӯ дар иди дар пешистодаи Қурбон ба хароҷотҳои зиёдатӣ роҳ надода, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аҳолӣ қатъиян риоя карда шавад.
Дар маҷлис доир ба масоили иқтисодию иҷтимоии ноҳия, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, ислоҳоти соҳаи маориф, беҳдошти сифати таълиму тарбия суҳбатҳои доманадор сурат гирифтанд.
Tojikobod tj.