НАШЪУНАМОИ «НОНИ ДУЮМ» ДАР ТОҶИКОБОД
Маъракаи кишти зироатҳои кишоварзӣ дар тамоми хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод ба анҷом расида, имрӯзҳо нашъунамои хуби зироатҳо ба ҳосили дилхоҳ умедвор мекунад.
Дар ноҳия имсол тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони кишти картошка нисбати соли сипаришуда дар майдони 145 гектар зиёд карда шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия майдони картошказор 2067 гектарро ташкил дод, ки 911 гектари он ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. Майдони ғаллазор аз ҳисоби кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ 1141 гектарро ташкил дод. Кишоварзон инчунин дар майдони 150 гектар сабзавот ва 84 гектар зироатҳои техникӣ кишт намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар соли сипаришуда истеҳсоли картошка афзун гардида, кишоварзон дар ноҳия зиёда аз 26 ҳазор тонна ба даст оварданд. Мувофиқи нақшаи тарҳрезишудаи идораи обтаъминкунии ноҳия дар доираи татбиқи лоиҳаи обёрии Фарғона каналҳои Дараи Нушор, Сафедоб, Анваробод, Сари Пул таъмир ва васеъ карда шуда, ҳаҷми обтаъминкунӣ зиёд мешавад. Қобили зикр аст, ки дар соли сипаришуда истеҳсоли картошка афзун гардида,дар ноҳия зиёда аз 26 ҳазор тонна ба даст оварданд.
Дар соли 2022 дар майдони 15 гектар боғҳои нав бунёд гардида, дар талу теппаҳои ноҳия 8 гектар боғҳои кӯҳна барқарор карда шуданд.
Бобати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишт ва баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин бо кишоварзон ва аҳолӣ дар хоҷагиҳои ноҳия суҳбату вохуриҳо ҷараён доранд. Tojikobod.tj