Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд
Боз як зуҳуроти олии инсонпарварии Пешвои миллат
Мардуми ноҳияи Тоҷикобод ба Ватан баргардонидани 146 нафар занону кӯдаконро аз давлати ҷангзадаи Сурия боз як зуҳуроти сиёсати миллатпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ менамоянд. Зеро дар тӯли солҳои соҳибистиклолӣ садҳо далелҳои раднопазирро баён намудан мумкин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои осудагии мардум ва таъмини амнияти шаҳрвандон корҳои бузургро анxом додаанд. Яке аз чунин ташаббус ва корҳои бузург дар замони ҷанги шаҳрвандӣ баргардонидани як миллион гурезагон ба Ватан буд. Дар шароити имрӯза низ Роҳбари давлат пайваста барои осудагии сокинон ғамхорӣ намуда, барои оромиву осудагии онҳо ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд. Дар ҳама давру замон сарнавишти ҳар як фарди тоҷик, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барои Пешвои миллат аҳамияти бузург дошту дорад.
Тавре аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ гирифтем, 25 июли соли 2022 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд. Бояд гуфт, ки ба Ватан баргардонидани 146 нафар шаҳрвандоне, ки дар Сурия дар гирдоби балову бесарнавиштӣ қарор доштанд, бори дигар инсондӯстӣ, таваҷҷуҳ ва хирадмандии Роҳбари давлати тоҷиконро ба ҷомеаи ҷаҳон нишон дод. Тибки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осоишта амалӣ карда мешаванд. Ин амали ҷавонмардонаи Пешвои миллат, яъне таваҷҷуҳ ба сарнавишти шаҳрвандони гумроҳгаштаву пушаймонгашта ва кӯшиши баргардонидани онҳо ба ҳаёти муrаррарӣ намунаи олии рафтори сарвари сиёсӣ аст. Мо, шаҳрвандон бояд аз доштани чунин Сарвари хирадманд ва мардумсолор ифтихор намоем. Чаро, ки дар ҷаҳони пур аз моҷарову бозиҳои бузург Роҳбар ва Пешвои хирадманде дорем, ки ба сарнавишти ҳар фарди миллат бетафовут нестанд.
Баҳодур Абдусатторзода