КОНФЕРЕНСИЯИ 17-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Тоҷикобод
Дар ноҳия Конференсияи 17-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳабизода Зоҳир Иззат, раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос баргузор гардид Сароғоз ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод оид ба фаъолияти кумита дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Зимни ҳисобот зикргардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод дар ин муддат як зумра корҳои назаррасро ба сомон дода, дар тарғиби идеологияи миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва амсоли нақши созгор гузоштааст.
Дар музокираҳо узви раёсат, муовини раиси ноҳия Рамазонзода Зулфиқор, Баҳодур Абдусатторов – сармуҳаррири нашрияи “Паёми Тоҷикобод ва чанде аз фаъолони ҳизб ба сухан баромада , фаъолияти ҳизбро қаноатбахш арзёби намуданд. Ҳисоботи комисияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи Бахтиёр Шарифов ироа гардид. Мудири шуъбаи ташкилии кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳабизода Зоҳир Иззат зимни суханронии худ таъкид намуд, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми давлатдории миллӣ дастгирии қишрҳои ниёзмаду бепарастор, таҳкими арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, расидан ба зиндагии шоистаи мардуми шарифи мамлакат саҳми муносиб дорад.
Сипас мавсуф афзуд, ки бо сабаби ба нафақа баромадани раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Шифоев Лутфуло аз ин вазифа озод карда шуда дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ номзадии Фозилзода Ҳилолӣ ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод пешбарӣ гардидааст. Номзадии Фозилзода Ҳилолӣ дар Маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод ба овоз гузоша шуд. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзади пешбаригардида тасдиқ ва интихоб гардид. Дар лаҳзаи тантанавӣ Шифоев Лутфуло барои хизматҳои шоиста дар татбиқи ҳадафҳои Оинномавии ҲХДТ, таҳқими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи ватанпарастии ҷавонони ноҳия бо туҳфа ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ сарфароз гардонида шуд. Дигар фаъолони ҳизбӣ низ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.