БОЗГАШТИ КУДАКОНУ МОДАРОН
Пиру барно ба Ватан бозгардонидани занону кӯдаконро аз давлати ҷангзадаи Сурия зуҳуроти сиёсати миллатпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ менамоянд.
Таронаи Пешвои ғамхор
(Илҳом аз иқдоми Пешвои муаззами миллат барои бозгардонидани кӯдакону модарон)
Ай саропои вуҷудат ҳама эҳсон,
Маскани қалби бузургат, Тоҷикистон.
Шаҳсутуни давлатӣ, моро нигаҳбон.
Шабу рӯз дар ғами миллат, зи дилу ҷон.
Туи ки мо ҳама аз файзи ту дар авҷу барорем,
Дар ҳама фасли хазонрез чу Наврӯзи баҳорем.
Шукр гӯем, ки Пешвои муаззам туро дорем.
Дар шаби торики миллат шудӣ пайдо,
Машъал афрухтӣ, дилҳои ҳазинро шудӣ шайдо.
Ҷамъ овардӣ парешоншудагонро ҳама якҷо.
Меҳан обод шуд аз фазли бузургат, ай тавоно!
Туи ки мо ҳама рӯз гулбасару тантана дорем,
Соҳиби мулки чароғону дар он замзама дорем.
Шукр гӯем, ки Пешвои муаззам туро дорем.
Дар сириштат адли аҷдодӣ зи Курушу Каён,
Мебарӣ дасти навозиш ба сари пиру ҷавон.
Аз шарори шарри аҳриманӣ н-осуд ҷаҳон,
Ғамсиришки кӯдакон баҳр шавад рӯи бадон!
Ватанат боғи биҳиштӣ, шаҳди он роҳати ҷон.
Дили хуршедии гармат, соф чун оби равон,
Туи ки дар ҳаваси туст, ҳама шоҳи ҷаҳон.
Туи ки Мавлавивор мо ба касе кина надорем,
Шукр гуем, ки Пешвои муаззам туро дорем!
Ҷовидони Фозил хонандаи синфи 5, н.Точикобод