БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД МУҲТАРАМ ФАҚЕРЗОДА ҚАДРИДДИН АББОС АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТИ ОБИ НӮШОКИИ ДЕҲАИ НӮШОРИ БОЛОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НӮШОР.

Дар асоси банди 68-и Нақша чорабиниҳои 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ дар ноҳия корҳои амалӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Имрӯз бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос корҳои сохтмонии хати оби нӯшокии деҳаи Нӯшори болои Ҷамоати деҳоти Нӯшор аз мавзеи Валвалак бо дарозии 12 км, новобаста аз сардии обу ҳаво бо як шукуҳу шаҳомаи хосса оғоз гардид.
Сохтмони хати оби нӯшокӣ бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва саҳми аҳолӣ оғоз гардида, дар ҳолати иҷро гардидани лоиҳа зиёда аз 400 хоҷагии деҳаи мазкур, ки зиёда аз 4000 аҳолиро ташкил медиҳад, бо оби аз нуқтаи назари экологӣ тоза таъмин хоҳанд гашт.
Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос ба мардуми деҳа ва сохтмончиёни хати оби нӯшоки ҷиҳати сифатнок ва саривақт сохта ба истифода додани он ба аҳолӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Бояд қайд кард, ки масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ дар мадди назари роҳбарияти ноҳия қарор дошта, ин иқдом дар дигар деҳаҳои ҳудуди ноҳия низ ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code