Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 инҷониб ҳар нимсола ва вамъбасти сол дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо нишасти матбуотӣ доир мегарданд.
Амри мазкури Президенти мамлакат ба хотири шаффофияти фаъолият роҳандозӣ гардидааст, то ки роҳбарон тавассути нишастҳои матбуотӣ аз корҳои анҷомдода, мушкилоту пешомадҳои хоҷагии халқ назди кормандони васоити ахбори омма ошкоро маълумот диҳанд.
Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, ки вобаста ба натиҷаҳои соли 2022 бо доираи васеи хабарнигорони АМИТ “Ховар”, шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, радиои Тоҷикистон, рӯзномаҳои “Пайк”, “Паёми Тоҷикобод” доир гардид, дар рӯҳияи ошкорбаёнӣ сурат гирифт. Ҷиҳати фарқкунанда аз нишастҳои қаблӣ дар он зоҳир гардид, ки раиси ноҳия дар толори Мақомоти иҷроия бо иштироки васеи роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ нишастро доир намуда, масъулин бевосита ба суолҳои кормандони ВАО посух доданд.
Муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос баробари зикри дастовардҳо аз нақшаҳои минбаъда, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо изҳори андеша намуда, аз хабарнигорон даъват ба амал овард, ки ҳамкории мутақобилан судмандро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монанд.
Роҳбари ноҳия ба саволҳои сершумори хабарнигорон оиди бунёди корхонаҳои саноатӣ, истифодаи ашёи хоми маҳсулотҳои кишоварзӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бо кадрҳои соҳибихтисос, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳолати кор дар иншоотҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои қаноатбахш дод.
Хабарнигорон барои муҳайё намудани шароити мусоид ва пурмуҳтаво гузаштани нишаст изҳори миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки дар инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти иқтисодӣ – иҷтимоии ноҳия ҳисса мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code