Тоҷикобод як ҷузъи Ватани азизамон Тоҷикистон аст. Бисёр рамзист, ки агар Тоҷикистон соли 1991 Истиқлолияти давлатиро ба даст оварда бошад, пас Тоҷикобод низ аз лиҳози маъмурӣ маҳз дар ҳамин сол мустақил гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз сафарҳои хидматиашон ба ноҳия иброз дошта буданд: “Тоҷикобод дар ҳақиқат диёри биҳиштосо буда, номи хеле зебо дорад, ки он ҳамрадифи номи миллат ва номи Тоҷикистони азиз, ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст. Дар Тоҷикистон як ноҳия номи миллатро дорад ва масъулияти тоҷикободиҳо бояд бештар бошаду бо ин ном ифтихор намоянд”.
Маҳз замони соҳистиқлолии кишвар, баъди истиқрори сулҳу ризоияти байни тоҷикон бо таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳама ободкориҳо рӯи кор омаданд ва симои ноҳия, бахусус маркази он ба куллӣ дигаргун гардид. Сафари хизматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1994, 2000, 2003, 2008, 2009, 2010, 2013, 2016, 2019) барои рушду нумуи ноҳия уфуқҳои навро боз намуд. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017 деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуд, ки далели гуфтаҳои болост.
Мардуми шарифи Тоҷикобод ҳамеша дар атрофи сиёсати роҳбарияти Олии сиёсии кишвар, роҳбарияти ноҳия зич муттаҳид буданд ва барои ба қатори ноҳияҳои пешрафтаи мамлакат табдил додани диёри хеш садоқатмандона меҳнат карданд.
ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР ПАНҶ СОЛИ ОХИР
Дар панҷ соли охир як корхона ва 26 коргоҳҳои хурди саноатӣ бунёд гардида фаъолият доранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2018 4 млн. 295 ҳазор сомониро ташкил дода ин нишондод дар соли 2022 ба 6 млн. 518,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки 152 фоиз рушд ёфтааст. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ин давра ба маблағи зиёда 109 млн. 192 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгарӣ анҷом дода шудааст. Дар ин давра аз ҳисоби шарикони рушд ва соҳибкорон зиёда аз 100 иншоотҳои таъиноти гуногун сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
ДАСТОВАРДҲОИ ИҶТИМОИИ НОҲИЯ ДАР ПАНҶ СОЛИ ОХИР
Солҳои 2018-2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор 68 иншооти ҳаётан муҳими соҳаи иҷтимоӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар ҳамин давра, 13 бинои муассисаи таълимӣ, 8 бунгоҳи тиббӣ, биноҳои Маркази саломатӣ, бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ, хатти оби нӯшокӣ, боғи “Муқаддасоти миллӣ”, боғи фарҳангию фароғатӣ, анфитеатр, панҷ майдончаи варзишӣ, ду толори варзишӣ ва дигар иншоотҳои муҳим сохта ба истифода супорида шуданд.
Инчунин дар ин давра дар доираи зиёда аз 15 млн сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ се адад автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва таҷҳизотҳои тиббӣ ворид карда шудааст. Дастоварди дигари соҳа бунёд ва ба истифода додани бинои дуошёнаи маркази “Бонувон”- и ноҳия ба ҳисоб меравад.
ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯ ДАР ПАНҶ СОЛИ ОЗИР
Муҳимтарин дастовардҳои соҳаи фарҳанги ноҳия дар панҷ соли охир бунёди Боғи фарҳангию фароғатӣ, боғи Муқаддасоти миллӣ, амфитеатри тобистона барои 500 ҷои нишаст ва оғози бунёди қасри фарҳанги ноҳия ба ҳисоб мераванд.
Дар ин давра ҳунармандони ноҳия дар фестивал озмуни эҷодиёти халқ Андалеб 2018-2021 сазовори дастовард, дар минтақа ҷои якум ва дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои дуюм гардиданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии китобхонаи беҳтарини соли 2022, китобхонаи марказии ноҳия сазовори ҷои сеюм гардид. Инчунин дар озмуни библиё марафон намояндагони ноҳия соли 2019 сазовори ҷои якум ва соли 2022 сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра дар маркази ноҳия Осорхонаи таърихӣ – кишвсршиносӣ ташкил гардидааст. Дар ин давра ду китобхонаи нав ташкил гардида ба китобхонаҳои ноҳия зиёда аз 3445 нусха китобҳои тозанашр ворид карда шудааст. Илова бар ин дар ин давра бахши фарҳанги ноҳия бо асбобҳои тақвияти овоз, сару либоси саҳнавӣ, асбобҳои гармидиҳии барқӣ, курсӣ ва дигар таҷҳизотҳо таъмин гардидааст.
ДАСТОВАРДҲОИ МАКТАБУ МАОРИФ ДАР ПАНҶ СОЛИ ОХИР ДАР НОҲИЯ
Дар панҷ соли охир 13 иншоот дар соҳаи маориф сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар ин давра 9 адад кабинетҳои фаннӣ, 218 компютер ва 7 тахтаи электронӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ харидори гардидааст.
Аз ноҳия дар ин давра 19 нафар хонандагон дар давраҳои ҷумҳуриявии озмунҳои Фуруғи Субҳи доноӣ китоб аст, илм фкрӯғи маърифат ва Тоҷикистон Ватани азизи ман иштирок намуда бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон 8 нафар хонандагони ноҳия дар давраҳои ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда як нафар хонанда аз фанни география дар соли 2022 сазовори ҷои сеюм гардидаст.
Дар соли 2018 тавассути маркази миллии тестӣ 140 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба колеҷҳо ва доникадаву донишгоҳҳои кишвар дозил гардида, соли 2022 бошад ин нишондод ба 205 нафар расидааст, ки дохилшавӣ нисбати солҳои пешин 65 нафар афзудааст.
Дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар бошад 18 нафар хатмкунандагон дохил гардида ин нишондод да соли 2022 ба 25 нафар расидааст, ки 7 нафар нисбати солҳои пешин дохилшавӣ зиёд мебошад.
Сифати таҳсилот дар соли 2018 32,6 фоизро ташкил медод ин нишондод дар соли 2022 ба 39,9 фоиз баробар гардидааст, ки 7,3 фоиз сифати таҳсилот беҳтар гардидааст.
РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД АКБАРЗОДА НАЗРВАЛӢ НАЗАРХОҶА