Дар идомаи мулоқот ин навбат бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зарафшон вохӯрии раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оид ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 доир гардид.

Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос ба сокинон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, шарҳ дод.

Ҳамзамон, мавзуъҳои умдаи ҷомеа дар доираи мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳҳои мубориза бо зуҳуроти номатлубро масъулин дар суханронии худ иброз намуданд. Аз сокинон даъват шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар самти татбиқи самараноки Паём ташаббус намоянд.

Бояд гуфт, ки дар вохӯрӣ доир ба самтҳои Паём ва ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо сухан гуфтанд.

Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос дар фарҷом илова намуданд, ки имрӯз вақти он расидааст, ки дар пайи таълиму тарбияи дурусти фарзандон бошем ва онҳоро дар роҳи эҳтиром ба якдигар ва ватандӯстиву ватанпарварӣ ба воя расонем. Хизмат ба Модар-Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус қарз аст. Бояд ҳар як ҷавон баҳри адои хизмат, ҳимояи марзу бум масъулу содиқи Ватан бошад.

Ҳозирин аз баргузории чунин як вохўрии судманд таассуроти хуб бардошта, бо шукургузорӣ аз фазои орому осоишта, сиёсати хирадмандонаву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳбарияти ноҳия изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Инчунин фаъолони ҷамоати деҳот ваъда доданд, ки нуқтаву хулосаҳои аз Паёми Президенти мамлакат бардошта ва таассуроти гирифтаашонро аз ин вохўрии пурмуҳтаво, сармашқи фаъолияти ҳаррўзаи хеш дониста, дар деҳаву маҳаллаҳо ба табақаҳои гуногуни ҷамъият корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code