Дар идомаи мулоқот ин навбат бо сокинони Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об вохӯрии раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос бо иштироки роҳбарону намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оид ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 доир гардид.
Маҷлисро муовини аввали раиси ноҳия муҳтарам Рамазонзода Зулфиқор ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пошхурии оилаҳои ҷавон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ногувори хусусияти террористиву экстримистӣ дошта, масъулин суҳбату баромадҳо доир намуданд.
Сипас раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос ба сокинон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, шарҳ дод.
Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос зимни баромад қайд карданд, бо шукргузори аз Сиёсатҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат имрӯз давлати мо ру ба тарақи ниҳода, дар арсаи байналмилал нуфузу эътибори хосса пайдо намудааст. Боиси ифтихори тамоми мардуми тоҷик аст, ташабусси панҷум Пешвои муаззами миллатамонро, оид ба ҳифҳи пиряхҳо буд тамоми давлатҳои аъзои СММ якдилона ҷонибдори намуданд, ки ин исботи гуфтаҳои болост. Ва моро зарураст, ки ҷавобан ба ин ҳама заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат, баҳри расидан ба ҳадафҳои пешгирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, беш аз ҳарвақта талош намоем.
Раиси ноҳия дар фарҷом ибрози он доштанд, ки ман ба мардуми бо нангу номуси ноҳия бовар дорам, ки аз аввал ҷонибдори тамоми дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат будем, ҳастем ва мемонем. Ва ҳама он талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро сармашқи кори худ намуда, дар гулгулшуфонии диёри азизамон саҳми арзанда хоҳем гузошт.
Ҳозирин аз баргузории чунин як вохўрии судманд таассуроти хуб бардошта, бо шукургузорӣ аз фазои орому осоишта, сиёсати хирадмандонаву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳбарияти ноҳия изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Инчунин фаъолони ҷамоати деҳот ваъда доданд, ки нуқтаву хулосаҳои аз Паёми Президенти мамлакат бардошта ва таассуроти гирифтаашонро аз ин вохўрии пурмуҳтаво, сармашқи фаъолияти ҳаррўзаи хеш дониста, дар деҳаву маҳаллаҳо ба табақаҳои гуногуни ҷамъият корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамоянд.