Бо мақсади рушди кишоварзӣ-чорводорӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” ба Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 16 адад Тракторҳои тамғаи МТЗ-82 тақдим гардид.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Абос ва намояндагони Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ” техникаҳои мазкурро ба Хоҷагиҳои деҳқонӣ тақдим намуда, зикр доштанд, ки ин ҳама бо дастгири ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат нисбати кишоварзону чорводорони ноҳия ба ҳисоб меравад.
Раиси ноҳия барои мақсаднок истифода намудани техникаҳои мазкур ба масъулин ва гирандагони онҳо дастуру маслиҳатҳо доданд.