Бо мақсади таҷлил намудани 21 март рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи ноҳиявӣ дар мавзӯӣ “Таъсирҳои манфии обшавии пиряхҳо дар табиат” баргузор гашт.
Да конференсияи мазкур кормандони мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолону собиқадорон ширкат варзиданд.
Конференсияро мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия оғоз намуда, вобаста ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯъ муовинони раиси ноҳия муҳтарам Мансурзода Қодирҷон, муҳтарам Раҳимзода Далер ва мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия муҳтарам Хуҷумборов Фазлиддин баромадҳо намуданд.