11-уми апрели соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи якуми соли 2022 баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовини аввал, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои деҳот, Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар нафарони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос маҷлиси фаъолони ноҳияро ҳусни оғоз бахшид ва сипас, муовини якуми Раис Рамазонзода Зулфиқор оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2023 баромад намуд.
Сипас, раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос аз фаъолияти як қатор ташкилоту муассисаҳо пурсон шуда, ба масъулин бобати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Қайд карда шуд, ки мардуми сарбаланди ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Сокинони шарафманди ноҳия бо масъулияти баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди ҳаёти иҷтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ, рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар давраи ҳисоботӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар ҷараёни маҷлис Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қ. А. доир ба камбудиҳои як қатор соҳаҳо изҳори назар карда, барои ислоҳи онҳо масъулинро вазифадор намуд. Ҳамзамон, баҳри рушди соҳаи саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани корхонаи бозистодаи Ғишти Тоҷикобод, кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил, корҳои ободонию созандагӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ, таъмини босифати барқ, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба кор, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ба масъулин супоришҳо дод.