Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, /АП-318, даври ноҳиявии фестивали мазкур дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир гардид.
Мақсад аз баргузории Фестивали “Сад ранги чакан” арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расми ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакандӯзӣ, сӯзандӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани тоқиву ҷузвдонҳо ва дигар намуди чеварӣ, густариш додани фаъолияти тарроҳию дӯзандагӣ, рушду тавсеаи корхонаҳои хурду дӯзандагиву истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии фаъолияти ҳунармандон, чеварон, тарроҳон, сӯзанидӯзон, чакандӯзу гулдӯзон, дӯзандагон, қаламкушу наққошон ҳадафи дигари фестивал мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code