Ҳар баҳор, дар арафаи xашни Рӯзи Ғалаба раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдусамад Идрисов сертараддуд мегардид. Якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дигар ташкилоту масъулин дар таҳияи Барномаи идона ширкат меварзид, кӯшиш ба харҷ медод, ки ҷашни Ғалаба нисбат ба соли пешин рангинтару таъсирбахштар сурат гирад, то насли ҷавон аҳамияти таърихии ин Зафари оламшумулро амиқтару возеҳтар дарк созанд.
Аммо афсӯс, имсол ҷои раиси собиқадорон дар тантанаҳо холӣ аст. Умр вафо накард ва ҳафтае пеш аз дунё гузашт. Акаи Абдусамад беш аз 90 сол умри бобаракат дид ва аз соли 1994 то лаҳзаҳои вопасин вазифаи раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияро пеш мебурд. Бо амри тақдир соли 2018 охирин аскари Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Тоҷикобод аз олам гузашт. Акаи Абдусамад нафари ягона ҳамчун имтиёздори иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ ба шумор мерафт.
Собиқаи меҳнатии ин марди шариф ва корозмуда шоистаи ибрат аст. Зеро дар синни 23-солагиаш раиси колхоз интихоб намуданд. Солҳои дароз дар собиқ колхозҳои ба номи Абдулло-командир ва «Ленин» ба сифати раиси колхоз садоқатмандона кор кард. Қариб 30 сол, то нафақа баромадан вазифаи сариқтисодчии совхози паҳновар ва овозадори «Ҳаёти нав» -ро ба зимма дошт.
Замони нооромиҳои кишвар аз чеҳраҳои шинохтаи ноҳия ба ҳисоб мерафт, ки дар ҷамъомадҳо ихтиёран сухан карда, мардумро ба якдигарфаҳмӣ, сулҳу салоҳ, мафкураҳоро ба созишу сабурӣ даъват мекарданд. Оре, шодравон Абдусамад Идрисов ваҳдатсаро буданд ва то нафасҳои охирини ҳаёт рисолати худро идома доданд. Насли калонсолтар хуб дар ёд доранд, e подарҳаво сухан намекард. Ҳар ҳарфаш нуктаю мақоме дошт.
Марги нобаҳангоми фарзанди ҷигарбандаш Садриддин, ки дар айёми Наврӯзи имсола ба вуқуъ пайваст, қалби пири равшанзамирро реш- решу захмин сохт. Мегӯянд, ки ҳамин ғами гарон оқибат муҷиби реҳлаташ гардид.
Хислатҳои хуби одамгарӣ аз қабили хоксорию фурутанӣ, диёрдӯстӣ ва ватанпарварӣ тӯли ҳаёт ҳамсафари ӯ буд, ки хотираи некаш аз ёди мардуми арҷгузори Тоҷикобод ҳаргиз зудуда намешавад. Дар раҳмати худо бошад!
Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.
«Паёми Тоxикобд»