РОСТИ ХОСТАМ АЗ ИН ҲАНГОМА ХУДДОРӢ НАМОЯМ, АММО НАШУД.
Тӯли чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳу тавзеҳи мардум нисбати навори латукӯби сарбозон хело ҳам зиёд гардидааст. Манро он нигарон менамояд, қисми зиёди он нафароне, ки шарҳи манфӣ навиштаанд, онҳо худ хизматгурез ва ё аолидоне мебошанд, ки фарзандонашонро аз хизмати ҳарбӣ гурезонидаанд. Чунки нафаре худ хизмат кардааст, падару модаре, ки фарзандаш хизмати ҳарбиро адо кардааст, ва ё хизмат карда истодааст, хуб медонад, ки шароити хизмат аз шароити бисёре аз хонаводаҳо беҳтару хубтар аст.
Ман худ шоҳиди ҳол мебошам, зеро ман низ хизмати Модар-Ватанро бо сарбаландона адо намудам. Ва медонам, он гапу овозаҳое, ки гӯё хизмати ҳарбӣ шароити хуб надораду сарбозонро латукӯб намуда, онҳо гурӯсна мемонанд, ҳақиқат надошта, воҳимаи маҳз мебошад.
Имрӯзҳо зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати ҳарбӣ рӯз аз рӯз беҳтару хубтар гардида истодааст. Дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ марказҳои саломатӣ бо мутахассисони тиб муҳайё буда, бо андак беморӣ ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Бобати пурра аз байн бурдани қонуншиканиҳо ва рафторҳои зидди оинномавӣ дар тамоми гӯшаю канорҳои қисмҳои ҳарбӣ камераҳои назоратӣ насб гардида, аз тарафи навбатдор ( афсарон) назорат бурда мешаванд. Инчунин аз ҷониби Прокуратура, КДАМ, Вазорати мудофиа ва дигар мақомотҳои дахлдор пайваста корҳои назоратӣ бурда мешаванд.
Пас чаро бо ин ҳама шароитҳо нигоҳ накарда, бо як наворе, ки сарбозон аз ҷониби сарбозон зери латукӯб қарор гирифтаанд ин қадар гапу гапчаҳои манфӣ нисбати хизмати ҳарбӣ ё давлат меравад? Ҳол он ки гунаҳгорон аллакай ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Чаро мардум боре савол намедиҳанд, ки ин ҷо айби давлат аст ё тарбияи нодурусти падару модар, ки фарзандони онҳо дар хизмати ҳарбӣ ба чунин корҳои зишт даст зада, шаъну эътибори як мақоми давлатиро поймол мекунанд ?
Имрӯз бархе фарзандон агар аз саҳар то шаб ё ҳатто ҳафтае дар хонадон пайдо нашаванд баъзе падару модарон дар куҷо ва ӣа чӣ кор машғул будани фарзандонашонро намепурсанд. Аммо шароит дар қисмҳои низомӣ ба кулли дигар аст. Шароити беҳтарини машқу тамрин, се вақт хӯроки гарм барои сарбозон муҳайё буда, буду боши онҳо зери назорати доимӣ қарор доранд.
Агар мо наворҳои шабакаҳои иҷтимоиро таҳлил намоем, ҳазорон наворҳои аз ин зишттар аз қабили занозании духтарону занон, озори зан аз ҷониби шавҳар, латукӯби бераҳмонаи пирамард аз ҷониби ҷавонон ва ба ҳамин монанд вомехурем. Вале аксарият хомушем. Аммо ба як навори латукӯби сарбозон ҳамагон хизмати ҳарбӣ ва давлатро гунаҳгор менамоем, ки хатои маҳз аст.
Сармутахассис (ҳуқуқшинос) дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод:
Давронов И.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code