Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди зиёд намудани майдонҳои кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия мавсими кишт бо суръат идома дорад. Имрӯзҳо дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар мавзеъҳои кишти картошка оғози кишти картошка хуб ба роҳ монда истодааст.
Бобати вусъат бахшидани кишти картошка Раиси ноҳия бо деҳқонону сокинони Ҷамоати деҳоти Нӯшор сӯҳбату вохуриҳо доир намуда, аз мушкилоту камбудиҳои деҳқонон диданд намуданд. Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини дахлдор супоришҳои қатъӣ доданд.
Таҳти супориши раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин гардида, деҳқонон вазифадор гардиданд, ки кишти картошкаро хуб ба роҳ монда, баҳри дарёфти ҳосили хубу хушсифат заҳмату талошҳо анҷом диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code