Ҳамдиёрони азиз!
Ҳафтодуҳаштумин баҳор аст, ки халқҳои собиқ давлати Шӯравӣ рӯзи 9 майро ҳамчун Рӯзи Ғалабаи оламшумули Армияи Сурх бар фашизми Германия ботантана таҷлил менамоянд. Дар ҳамин рӯзи муборак, яъне 9 Май ҷанги шадидтарини асри ХХ, Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки ҷони миллионҳо одамонро рабуд, бапоён расид.
Имрӯз ҳеҷ кас ҳақу ҳуқуқ надорад, ки ин бузургтарин ҳодисаи ваҳониро инкор кунад ва ё нисбати қаҳрамонӣ, ҷонфидоӣ ва ватандӯстии миллионҳо одамони Шӯравӣ носипосӣ намояд.
Талафоти ҷонӣ дар ин ҷанг аз ҳад гузашта буд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ 27 миллион одамони Шӯравӣ, аз ҷумла бештар аз 90 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардиданд. Аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки дар таъмини ин Ғалабаи бузург ҳар хонадони сарбаланди собиқ ноҳияи Қалъаи Лаби Об, имрӯз ноҳияи Тоҷикобод саҳмгир будааст. Насли даврони ҷанг чӣ дар фронтҳо, чӣ дар ақибгоҳ мардонагию ҷасорати бемисл нишон доданд.
Ду нафар фиристодаҳои ноҳия Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов барои нишон додани қаҳрамонӣ лоиқи унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд, садҳо нафар бо орденҳои баландмақом ва мукофотҳои ҷангӣ сазовор дониста шуданд.
Бо амри тақдир, бо гузашти умр имрӯз дар ноҳия иштирокдорони набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт боқӣ намондаанд. Вале корнамоии ин мардони мубориз ҳаргиз аз лавҳи таърих сутуда намегардад. Насли ҷавон бояд аз шуҷоати бобоёни шӯҳратманд сабақи ватандӯстӣ омӯзанд.
Ман дар ин рӯзи фирӯз мардуми шарифи ноҳияи Тоҷикободро ба муносибати 78-умин солгарди иди кабири Ғалаба табрику таҳният гуфта, ба якояки Шумо ҳамдиёрони азиз рӯзгори тенҷу ором, сулҳу субот, солимию тандурустӣ, сарбаландию хушдилӣ таманно дорам.

Иди Ғалаба муборак!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code