13.05.2023
Вохурии судманди меҳмонони олиқадр сиёсатшинос, Директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ, устод Абдуллоҳи Раҳнамо ва Шоири халқии Тоҷикистон устод Хайриддини Хайрандеш бо фаъолон ва ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод.
Чорабиниро муовини раиси ноҳия муҳтарам Мансурзода Қодирҷон оғоз намуда, меҳмонони олиқадрро барои ташриф оварданашон хушомадед намуд.
Пасон Сиёсатшинос, Директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ, устод Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзуи “Худшиносӣ, ватандӯстӣ ва давлатдории миллӣ ва аҳаммияти ҳаётии он дар шароити нави таърихӣ” бо иштирокчиёни чорабини баромади пурмуҳтаво намуданд.
Инчунин шоири халқии Тоҷикистон устод Хайриддини Хайрандеш бо шеърҳои худ рӯҳи иштирокчиёнро болида намуданд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ аз тарафи овозхон Комрон Муродов бо сурудҳои Ватандӯстӣ маҳфилро рангин намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба меҳмонони олиқадр барои баргузории чунин маҳлили гуворо минатдоргии самимӣ баён намуда, тасмим дорад, ки дар оянда низ чунин маҳфилҳоро бо Устодони касбу кори гуногуни ҷумҳурӣ миёни ҷавонону сокинон ташкил намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code