15.05.2023.
Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила (15 май) бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти мавзӯи “Оила – тарбиятгари насли ояндасоз” чорабинӣ доир гардид.
Суханронии муовири раиси ноҳия муҳтарам Меҳринисо Гадозода, мктахассиси САҲШ Шарофат Билолова, директори китобхонаи марказӣ Парвина Холова ва мушовири шуъбаи маориф Ҳоҷиқурбон Сироҷов ба масоили ҳаёти оиладорӣ аз нигоҳи қонун, анъаноти миллӣ, масъулияти зану шавҳарӣ бахшида шуд. Маърӯзачиён мақоми оиларо ҳамчун ниҳоди муқаддас ва таҳкимбахши нерӯи давлат арзёбӣ намуда, пойдорӣ ва бақои онро ҷузъи муҳими пешрафти ҷомеа номиданд.
Ба ҳозирон аз натиҷаи оиладории хеш табиби ҳозиқ Қадим Туйчиев аз деҳаи Мазори Поён нақл карда, ҳамроҳи ҳамсараш баробари насиҳатҳои судбахш ба суолҳои ҷавонон посух гардониданд.
Дар ҳамин чорабӣ шогирдони мактаби 13 деҳаи Сафедмун, ЛКТ ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо баргузор намудани саҳначаҳо, қироати шеърҳо, суруду таронаҳои ҷолиб хотири иштирокдоронро болида сохтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code