Имрӯз бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, муовинони раиси ноҳия ва дигар шахсони марбутта, Бунгоҳи тиббии деҳаи Фатҳобод ва Маркази савдои “Мужда” бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифтан.
Сараввал Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос ва ҷамъи ҳамроҳонашон аз Бунгоҳи тиббии деҳаи Фатҳобод оғоз намуданд. Бунгоҳи тиббии мазкур бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳаз гардида, бо мутахассисони тибб таъмин мебошад.
Раиси ноҳия ба кормандон бобати хизмати содиқонаву поквиҷдонона ба мардуми маҳал дастуру супоришҳои мушахас доданд.
Пасон бо иштироки шахсони болозикр кушодашавии Маркази савдои “Мужда” сурат гирифт. Маркази савдои мазкур аз 3 ошиёна иборат буда, ошиёнаи якум маҳсулоти хӯрокворӣ, маркази дуюм бошад бо техникаҳои ниёзи мардум (техникаҳои маишӣ) муҷаҳаз гардидааст. Раиси ноҳия ба масъулини марказ барои хизматрасонии хуб бо мизоҷон ва таъмини маҳсулотҳои сифатнок бо нархҳои дастраси мардум маслиҳатҳои муфид доданд.