Имрӯз бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия чорабинии сиёсиву фарҳангӣ дар боғи муқаддасоти миллии ноҳия баргузор гардид.
Сарввал раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, Роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дишар шахсони марбутта аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Пасон раиси ноҳия ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми шарифи ноҳияро бо ин Рӯзи фараҳбахш Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, аз корнамоиҳо ва заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ суханрони намуданд.
Дар ин чорабинӣ собиқадорону фаъолони ноҳия бо сипосномаву туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд. Инчунин ғолибони озмуни хона, деҳа ва ҷамоати беҳтарин бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардиданд.
Инчунин ҷиҳати болидахотирии мардум барномаи фарҳангии омода гардидаи ҳунармандони шаҳри Душанбе ва бахши фарҳанги ноҳия сурат гирифта, руҳияи тамошобинонро болида намуданд.