04.07.2023
Таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод (даъвати шашум) баргузор гардид.
Дар Иҷлосия раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос оид ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 бо ҳисоботи муфассал баромад намуд.
Сипас, муовини раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии /22 Зафаробод Раҳимзода Далерҷон гузориш дода арз дошт, ки ба мақсади таъмини иҷрои супориши Протоколии Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2021, таҳти рақами 10 ва дархости Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2023, таҳти рақами 2-3а/366 масъалаи ба тавозуни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани фурудгоҳи ҳавоии ноҳия ба баррасии вакилон пешниҳод мегардад.
Иҷлосия баъди баррасии масъала оид ба тавозуни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани фурудгоҳи ноҳия қарор қабул намуд.
Дар иҷлосия ваколати вакили тозаинтихоб аз ҳавзаи интихоботии рақами 33 Нӯшори боло Меҳринисо Гадозода тасдиқ гардида, савганди вакили ёд кард. Ҳамчунин комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳайати нав ташкил карда шуд.
Вакилон ҳайати нави комиссияҳои доимии Маҷлисро, ки дар асоси тавсияномаи намунавии маҷлисҳои вакилони халқ аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ намуданд.
Дар иҷлосия масъалаҳои кадрӣ низ баррасӣ ёфтанд, Қпрорҳои раиси ноҳия оид ба таъмини Миршоев Хайрулло ба мансаби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Маҳмудов Сироҷиддин ба мансаби мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати дастгоҳи раиси ноҳия, Мухтадоев Бурҳониддин ба мансаби бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасдиқи худро ёфтанд.
Дар фарҷоми Иҷлосия нақшаи кории Маҷлис ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои нимсолаи дуюм тасдиқ карда шуд ва қарорҳои молиявии дар фосилаи иҷлосияҳо қабулкардаи раиси ноҳия дастгирӣ ёфтанд.