Имрӯз бо иштироки Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ваҳҳобзода Абдураҳмон, намояндаи Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Амиров Мустафо ва Мушовири калони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Шарифзода Додихудо семинар-машварат дар мавзӯи “Пешгирии раванд ва ҳолатҳои номатлуб дар миёни наврасону ҷавонон ва занону духтарон баргузор гардид.
Вобаста ба мавзӯъ аҳли Раёсат баромадҳои пурмуҳтаво доир намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён хуб пазируфта шуда, аҳли иштирокдоронро бори дигар огоҳ намуданд, ки баҳри мубориза бар зиддӣ шомилшавии ҷавонону наврасон ҳамагон масъул ва вазифадорем.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханронии худ таъкид месозанд, ки дар сурати пешгирӣ накардани ҳама гуна равандҳои номатлуби замони муосир ба ҷомеа хатари ҷиддӣ ба бор меоранд. Насли ҷавон, ки ояндаи Ватан ва неруи бузурги кишвар мебошанд, бояд роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб намоянд ва барои ободу шукуфо кардани меҳани аҷдодӣ талош варзанд.
Дар рафти семинар-машварат аз ҷониби иштирокчиён саволу пешнтҳодҳои судманд дода шуд, ки аҳли Раёсат ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code