Даври якуми фестивал озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб – 2023” дар маркази ноҳия баргузор гардид. Аҳли ҳунар бо роҳбарии мудири бахши фарҳанги ноҳия Додихудо Эшонов бо пешниҳоди барномаи зебову диданӣ қалбҳоро тасхир бахшиданд.
Ҳакамони озмун ба суруди анъанавии “Фалаки Қаротегин” дар иҷрои Зайнаббибӣ Аҳмадҷонова, рақси якка дар иҷрои хатмкунандаи мактаби 1 шаҳраки Тоҷикобод Салима Давлатова, навозиши умумӣ дар иҷрои мутрибон бо номи “Гулгуна”, намоиши сару либос, суруди мардумӣ дар иҷрои Саломуддин Кобулизода, Айниддин Тошназаров, Шариф Раҳимов ва Додарбек Абдуллоев, суруди якка дар иҷрои Муҳаммад Абдиев, бадеҳа дар иҷрои Садбарг Аҳтамова ва Раҷабалӣ Шарифов гузоштани холҳои баландро муносиб донистанд.
Ҳамин тавр дар даври аввал ҳунармандони ноҳия аз рӯӣ шартҳои озмун соҳиби 101,6 хол имконпазир гардиданд.