Имрӯз тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ меҳнаткашони ноҳияи Тоҷикобод дар боғи боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Тоҷикобод аз рафти намоиш дидан намуда, барои пешниҳоди чунин намоиш ва иштирок намудан дар ин чорабинӣ ба масъулин изҳори сипос баён намудан.
Дар ин намоиш номгуи зиёди маҳсулотҳои кишоварзӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш бароварда шуд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт, бо майлу рағбати бепоён аз маҳсулотҳои кишоварзӣ харидорӣ намуда, ба роҳбарият ва сокинони ноҳия миннатдории самимии худро баён намуданд.
Қисматҳои дигари намоиш дар боғи мазкур идома меёбанд.