Имрӯз тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабинии фарҳангии ноҳияи Тоҷикобод дар боғи боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ин намоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе,Роҳбарияти ноҳияи Тоҷикобод инчунин фаъолони ноҳия, ки дар гушаю канори ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ширкат варзида, аз намоиши маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия дидан намуданд.
Меҳмонони олиқадр ба ҳунармандони ноҳия изҳори сипос намуда, барои дар оянда низ ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Инчунин аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроият ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи фарҳангӣ баргузор гардида, руҳияи меҳмонон ва иштирокчиёни намоишро болида намуданд.
Бояд қайд кард, ки мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ ин арҷ гузоштан ба фарҳанг ва урфу одатҳои ниёгонамон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code