Дар ҳар кишваре ки тассубу хурофот, нодонӣ, ҷаҳл ва бовармандӣ ба шаклҳои мухталифи истибдод зуҳур мекунанд, дар он сарзамин ҳеҷ ҳаққи озодӣ лабханд нахоҳад зад. Ин ба он маънист, ки озодиро танҳо инсонҳои соҳибдонишу вораста, ки бо кушишу талош ва ҷӯёӣ аз роҳи хираду андеша тавонистаанд худу ҷаҳонро шиносанд дарк карда метавонанд. Миллате, ки барои ӯ вақт ва умр арзише надорад, ӯ наметавонад моҳияти вуҷуди худро дар олами ҳастӣ ташхис бидиҳад. Ҳамчунин ҳеҷ гоҳ кушиш ба харҷ намедиҳад, то ҷойгоҳи худ ва ҷаҳони мавҷудро аз диди арзишӣ баррасӣ намояд, ӯ ҳеҷ замон тан ба фаҳми ҳақиқат нахоҳад дод. Қамве, ки афкори баста ва наандешидану бовармандиро бар шууру андеша тарҷеҳ медиҳад, ҳеҷ гоҳ ба ҳақиқати олами ҳастӣ даст нахоҳад ёфт, зеро ӯ хислати пӯёиву ҷӯёиро, ки асли моҳиятии инсонанд, маҳдуд карда ё аз он даст кашидааст.Инсон будан ин соҳиби хираду андеша ва тафаккури таҳлилӣ будан ва дар ин роҳ ҳамеша ҷӯёву пӯё будан аст. Вақте инсон хираду андеша тафаккури таҳлилиро аз даст дод, ё аз онҳо даст кашид, шояд махлуқи инсонмонанд аст, вале он чун бардае дар ихтиёри касон қарор хоҳад гирифт. Инсоне, ки наметавонад фаҳму дарки айнӣ аз ҷаҳон дошта бошад, ба тарзи табиӣ он аз кистӣ ва чистии худ, моҳияти вуҷуд ва ҷойгоҳашро низ дар ин олами нопайдоканор дарку фаҳм карда наметавонад. Ҳама чизро бо соддабоварӣ ва балоҳат қабул мекунад, Нодонию балоҳати худро аз рӯи таассуб ҳамчун ҳақиқати бебаҳси олами ҳастӣ баррасӣ мекунад, ки чунин тарзи рафтору муносибат боиси дар тафаккури мардумони огоҳу донишманд мавриди нописандӣ ва хандахаришу беэътибор шуморидани фард, гуруҳи иҷтимоӣ ё халқият мегардад.
Қобили зикр аст, ки дарку фаҳми дуруст ва баробар ба айнияту воқеияти олам аз сатҳи омӯзишу парвариш маншаъ мегирад. Ҳар қадар дар барномаи таълимии омӯзишу парвариш, дарки ҳақиқату воқеияти ҷаҳон дуруст инъикос ёфта бошанд ва онон мавриди дарки дурусти хонанда қарор бигиранд, ҳамон андоза ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва сатҳи тафаккуру хирадандешӣ аҳли ҷомеа боло меравад ва тағйир меёбад. Баръакс дар ҳар ҷомеае ки омузишу парвариш на дар чорчубаҳои илмӣ ва маъруфу шинохта шудаи умумибашарӣ ба роҳ монда шуда бошанд, дар он ҷо фаҳм ва дарки ғалат аз ҳаводиси табиию иҷтимоӣ берун омада, бовармандиву хурофаандешӣ авлаият пайдо мекунад.
Фард ва ё гуруҳи иҷтимоие, ки пайваста дар ҷустуҷӯи чунию чароии ҳаводис аст, ҳамеша метавонад ба дурустии падидаҳо, чи тавр сурат гирифтани онҳо ва қонунмандии дохилии тағйирпазирии онҳо пай мебарад. Ҳар қадар зеҳни фард дорои пурсишҳои бештар бошад, ҳамеша барои дарёфти маълумоти бештар худро ва неруҳои инсонӣ ё хирадии худро сафарбар месозад. Баръакс ҳар қадар инсон ҷустуҷӯгариро аз даст диҳад, ҳамон қадар ҷаҳони маънавиаш хурду кучак мешавад. Танҳо инсони ҷӯстугар аст, ки аз неруи зеҳнию хирадии худ ба тарзи аҳсан истифода мекунад. Посухҷӯиҳо фардро маҷбур месозад, то ҷиҳати дарёфти ҳақиқати падидаю ашёҳо неруҳои инсонии худро сафарбар созад. Баръакс нафароне, ки зеҳнияти ҷустуҷӯгарро саркӯб месозанд, онҳо дар маҳдудуаи фикрӣ боқӣ мемонанд ва ниҳоятан соддабовар ва тааассубзадаву хурофотӣ мешаванд. инсоне, ки ҷустуҷугариро аз даст медиҳад дар назараш ҳамеша бутҳои зеҳние месозад, ки тамоми бузургиву шаҳоматро ба онҳо бахшида ба ибораи дигар мадюну мафтуни сохтаҳои зеҳниаш мешавад ва аз худ неруҳои инсонӣ ва моҳияти инсониаш бехабар мегардад.
Қарнҳост, ки мардумони сарзамини мо бо чунин навъи тафаккур худӣ ва ҳувийяташро аз даст додааст. Чунин навъи биниш дар тули қарнҳо ҷомеаро дучори сардаргумии ҳувийятӣ ва фарҳангӣ намудааст. Ин гуна тафаккур боиси он мешавад, ки ҳамеша байни ҷомеа ва раҳбарияти сиёсии вақт тафовути зеҳнӣ ба амал ояд.
Дар дарозои таърих (дар назар аст то омадани инқилоби Бухоро) тамоми низомҳои сиёсие, ки сари қудрат омадаанд, онҳо бештар аз маҳдуд кардани тафаккури ҷустуҷӯгар шуруъ намудаанд. Кушиш ба харҷ додаанд, то худро ҳамчун нафарони бартар ва то андозае қудсию фарозаминӣ ҷилва диҳанд ва дар чашми мардумон ҳамчун як муъҷизаи осмонӣ ҷилва кунанд. Чунин навъи ҳокимиятҳо бештар аз нодонӣ, соддабоварӣ ва яксонандешӣ суд ҷӯстаанд ва аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ кушиш ба харҷ надодаанд, то мардумон дорои зеҳнияти ҷустуҷӯгар ва хирадандеш шаванд. Дар бунёд ҳар гуна ҳокимияте, ки мустақар мешавад, он аз номи мардум баромад мекунад, вале бо гузашти вақт онҳо чун дарк менамоянд, ки бедонишию соддабоварӣ ва тафаккури баставу хурофотӣ барояшон манфиатовар аст, ҳамин масирро думболагирӣ мекунанд ва на ба хотири боло бурдани тафаккури иҷтимоӣ, ки он пеш аз ҳама марбут ба абзори ҳувийятсозии миллӣ аст, кор мегиранд, балки баръакс манфиатҳои кучаки замонии худро бар дурнамои рушду таҳкими миллӣ тақвият медиҳанд.
Агар ба ташаккулёбии давлатҳои миллии аврупоӣ назар афканем хоҳем дарёфт, ки онҳо низ то замони мавҷудияти ҳокимиятҳои теократӣ, бахусус то давроне, ки ҳокимияти сиёсӣ бар дасти руҳониён буд, чунин навъи андешаи баста ва соддабоварию камдонишӣ тарҷеҳ дода мешуд. Аврупоиён низ бо дарки ин нукта ки илму дониш ва дарки ҳақиқати табиат ба онҳо имконияти бештари рушдро муҳаё месозад, тасмим гирифтан, ки бештар ба сатҳу сифати омузишу парвариш таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва онро ба василаи асосии пшбурди миллатҳои худ табдил диҳанд. Як нуқта қобили зикр аст, ки пас аз заволи императории Рим аврупоиён навъи давлатдории миллӣ ва дунявиро рушду такомул доданд. Бадин восита онҳо ба натиҷае расидаанд, ки ҳар қадар афроди миллат донишмандтар, огоҳтар, ҷӯётар ва пӯётар бошад ҳамон андоза миллат шукуфо мешавад ва пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардида, иқтидори давлат ҳамчун ниҳоди асосии сиёсӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар муносибати байналхалқӣ дорои иқтидори бузург мешавад. Пазируфтани низоми демократӣ ва интихобӣ будани роҳбарияти сиёсӣ низ маҳз ба ҳамин тафаккур алоқамандӣ дорад, ки зеҳниятсозии бутпарастона дар ҷомеа барҳам дода шавад. Ҳар фард бояд дарк намояд, ки ӯ дорои иқтидори бузурги инсонӣ аст ва бо истифодаи дуруст аз ин неруҳои инсониаш метавонад ба бузургтарин шахсият табдил ёбад. Яъне набояд ӯ комилан мадюну мафтуни дигарҳо шуда, асолату моҳияти худро аз даст бидиҳад. Чунин тарзи тафаккур ки аз донишмандони бузурги асри рушангарӣ шуруъ мешавад, тавонистааст дар Аврупо як инқилоби фикриро ба миён оварад ки онҳо бештар ба худ такя кунанд ва ҳар кадоме дарк намояд, ки ӯ дорои тамоми неруҳои бузурги инсонӣ аст, ё ба фармудаи Фридрих Нитше ӯ на як инсони оддӣ, балки “абаринсон” ё “фароинсон” аст. Ҳамин навъи зеҳниятсозӣ сабаби он гардидааст, ки мавҷ мавҷи донишмандон ва ихтироъкорон ва нухбагони фарҳангие зуҳур намоянд, ки аз як тараф мушкили иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи худро камтар намуда, аз тарафи дигар барои онҳо саодатмандӣ ва ҳамзистии осоиштаро ба миён оваранд.
Баръакс иддае аз ҷомеаҳои шарқӣ ҳамеша мехоҳанд муқаддассозӣ кунанд ва ҳам чизро аз диду тафаккури “муъҷизасон” ҷилва диҳанд. Онҳо ба ҷойи ҳувйияти миллӣ ҳувйияти динию бовармандиро тарҷеҳ медиҳанд. Дар чунин навъи ҷомеа аввалан наметавон аз ҳақиқати табиату ҷаҳон огоҳии дуруст дарёфт. Инсони орӣ аз дарки дурусти табиату ҷаҳон наметавонад фарди офаринанда бошад ва чизи наверо ба миён овард. Ҳамчунин фарди нооогоҳ, ки худро нашнохтааст ба дарки миллияту манофеъи миллӣ расида наметавонад. Аз ҷониби дигар худи дарку фаҳми миллият низ на ба он фаҳмест, ки бардошти воқеӣ аз миллат онро талаб мекунад. Давлатмардони навъи ҷомеаи тассубиву хурофотӣ бештар кушиш ба харҷ медиҳанд, ки манофеи маҳдуди замонии хешро ҳимоят кунанд ва онро тақвият бахшанд. Зеро онҳо чунин меандешанд, ки ҳар замон агар мардум огоҳу донишманд шавад, метавонад бо тавтеае онҳоро аз қудрати сиёсӣ ба поён биёравад ва дар як маҳдудаи замон тамоми ҳашмату бузургии худро онҳо аз даст диҳанд, чунин навъи рафтор ва тарсу ваҳшат дар зеҳнияти элитаҳоии ҳукмрони сиёсии баъзе аз кишварҳои шарқӣ чунин хулосаеро ба вуҷуд меорад, ки боястӣ мардум дар нодонӣ, нотавонӣ ва хурофот гирифтор бошанд.

Исомиддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа,
мудири кафедраи гуманитарии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Бознашр аз рӯзномаи
“Минбари халқ”, №29 аз 26 июли соли 2023

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code